Нашрияи Омӯзгор

Ибораҳои феълӣ дар забони англисӣ

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 127        Шарҳ: 0

 

Дар забони англисӣ ибораҳоеро, ки калимаи асосиашон феъл мебошад, ибораҳои феълӣ меноманд. Масалан, to remember the  name (номро дар хотир нигоҳ доштан), to go quickly (тез рафтан).

Ибораҳои  феълӣ ба сода ва мураккаб ҷудо карда мешаванд. Ибораҳои содаи феълӣ  аз феъл ( чун калимаи асосӣ) ва як ҷузъи тобеъ таркиб меёбанд. Мисол,  to see the film (филмро тамошо кардан), to jump  high ( баланд паридан).

Ибораҳои мураккаби феълӣ аз феъл ва ду ё зиёда ҷузъи тобеъ сохта мешаванд: to give him the book,  to send them a telegram,  to have never seen you.

Бояд қайд кард, ки бо ибораҳои соддаи феълӣ ҷузъҳои (калимаҳои) нав ҳамроҳ шуда метавонанд, вале он ҷузъи нав ба калимаи асосӣ (яъне феъл) тобеъ набуда, ҷузъи тобеъро шарҳ  медиҳад. Мисол: to hear a noise,   to hear too long a noise,  to spend a night,  to spend  a sleepless  night,  to  spend  a sleepless  night   of dreams.

Ибораҳои  феълӣ  аз рӯи сохти худ ба хелҳои гуногун ҷудо мешаванд, зеро онҳо таркибҳои хеле васеъ ва  мураккаби синтаксисро ташкил карда метавонанд. Ин, пеш аз ҳама, ба таснифи феълҳо аз рӯи  характери  амал  вобаста аст. Мисол: he is eating  an apple. Вай себ хӯрда истодааст.  She has finished her work You should  study for  exam. Шумо бояд ба имтиҳон тайёрӣ бинед. She has been sleeping for two hours.

Л. С. Бархударов аз ин нуқтаи назар феълҳоро ба монда ва  гузаранда тақсим карда, ибораҳои феълиро аз рӯи сохташон ба чунин гурӯҳҳо ҷудо намудааст.

1. Ибораҳое, ки калимаи асосиашон ҳам  феъли монда ва ҳам феъли  гузаранда  мешавад.

2. Ибораҳое, ки калимаи асосиашон як навъи муайяни феъл мебошад, яъне  танҳо феъли гузаранда  ё ин ки танҳо феъли монда. Г.Г. Почепсов  бошад, аз рӯи хусусиятҳои синтагматикиашон феълҳоро ба ду намуд тақсим намудааст.

1. Феълҳое,  ки амали равона набударо ифода мекунанд.

2. Феълҳое,  ки амали равона  бударо  ифода  мекунанд.

Феълҳое, ки амалашон равона буда,  дар матн аниқ карда  мешаванд. Баъзе феълҳои табиатан  амалашон равона набуда  бошанд, дар як матн  ҳамчун феълҳои амалашон норавон ва дар дигар ҷо чун амалашон равона истифода мешаванд. Феълҳое, ки амалашон  норавон аст, ибораҳои феълӣ сохта наметавонанд, зеро онҳо дар муҳити худ калимаҳои тобеъ надоранд. For example: Clara laughed he hesitated, the day came. Г.Г. Почепсов феълҳои амалашон равонаро ба се гурӯҳ тақсим кардааст.

1.Феълҳои  амалашон равона ба  объект, объекту суроға ё танҳо ба суроға.

2. Феълҳои амалашон равона ба ҳол;

3.  Феълҳои амалашон равона ба объекту ҳол.

Аз рӯи таснифоти   Г.Г. Почепсов дидан мумкин аст, ки феълҳо ба худ таркибҳои гуногунро тобеъ кунонда метавонанд ва ин ба валентнокии феъл вобаста  мебошад, яъне баъзе феълҳо яквалентаанд (танҳо як калимаро ба худ тобеъ мегардонад: to go into the room), дигаре дувалента мебошанд  ( ду калимаро ба худ тобеъ мегардонад: to give him the book )  ва сеюмӣ севалентаанд ( се калимаро ба худ тобеъ мегардонад: bring me my thing to the church).

 

Фаррух Эмомалиев,

омӯзгори мактаби №23-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш