Нашрияи Омӯзгор

Камолшиносӣ рушд меёбад

Сана: 2020-08-20        Дида шуд: 75        Шарҳ: 0

 

Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ҷилди дувуми «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» -ро таҳти унвони «Камол дар оинаи пажӯҳиш» ба нашр расонид.

Китоби «Камол дар оинаи пажӯҳиш» аз 566 саҳифа иборат буда, дар он беҳтарин  асарҳои камолшиносӣ аз соли 1845 то 1960 гирдоварӣ шудааст. Китоби мазкур, ки аз тарафи адабиётшинос Субҳони Аъзамзод таҳия гардидааст, тавассути нашриёти «Хуросон» бо сифати баланд ба табъ расид.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷилди аввали «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» чанде пеш аз нашр баромада буд. Нашри ин китобҳо беҳтарин дастовард ба ифтихори 700-умин солгарди Камоли Хуҷандӣ маҳсуб меёбад.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш