Нашрияи Омӯзгор

Кишварамон рушд меёбад

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 64        Шарҳ: 0

 

Масъалаи маориф ва рушди он чун яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан дар мавриди назари Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Соҳаи маориф афзалиятнок эълон гардида, дар моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ба таҳсил кафолат дода шудааст: «Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад».

Бо баробари муътадил гардидани вазъи сиёсии кишвар сатҳи иқтисодии он беҳтар гардида, рушди иҷтимоӣ вусъат ёфт. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим аз ҳамаи сарчашмаҳо сол то сол афзудан гирифт. Соли 2004 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ барои солҳои 2005-2010» қабул карда шуд. Тибқи ин қарор масъулини соҳаи маориф, роҳбарони мақомоти иҷроияи давлатӣ ва маҳаллӣ, ректорони донишгоҳҳо, сарварони мактабҳо чораандешиҳо намуданд ва ин қарор, дар ҳақиқат, то андозае мушкилии норасоии омӯзгоронро дар муассисаҳои таълимӣ бартараф намуд. Фарогирии муҳассилин ба зинаи сеюми мактабӣ беҳтар гашт. Маоши омӯзгорон ҳар сол афзуд, аксар муаллимони соҳаро тарккарда боз ба мактаб хеш баргаштанд. Пояи моддӣ - техникии мактабҳо низ сол аз сол мустаҳкам ва беҳтар шуд. Дар сиёсати Пешвои миллат беҳбуд бахшидан ба шароити таълиму тарбия ва таҳсили хонандагон боиси беҳтар гардидани сифати таҳсилот шуд. Тайи 28 соли Истиқлолияти давлатӣ беш аз 2000 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тамоми шароити муосир ва тарҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар ҳақиқат, ҷойгоҳи маориф дар сиёсати Пешвои миллат пайваста вусъат меёбад. Мактаби миллии муосир тоҷикӣ ба ҳама хосту ормонҳои муҳассиллини тоҷик ҷавобгӯ аст ва барои фатҳи қуллаҳои мақсад неруест тавоно. Мо - омӯзгоронро мебояд, ки дар тарбия намудани насли наврасу ҷавон фаъолу кӯшо бошем, то шогирдонамон дар зиндагӣ муваффақу босаодат, содиқ ба Ватану боэътимод ба фарҳангу суннатҳои миллии хеш бошанд.

Сабоҳат Сангова,

омӯзгори мактаби №172-и

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш