Нашрияи Омӯзгор

Пешаи пурифтихор

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 20        Шарҳ: 0

 

Дар оилае, ки ман ба воя расидаам, чор нафар фарзанд будем, аниқтараш, чор нафар духтар. Модарам мегӯяд: - Падаратон ҳеҷ гоҳ аз писар набудани шумо  шикоят намекард. Ӯ ҳар яки шуморо чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва тарбия менамуд. Падарам омӯзгори математика буд. Ӯ мактаби миёнаро дар зодгоҳаш - деҳаи Хоҷабойқули собиқ ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) хатм намуда, сипас ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод дохил гардид. Соли 1950 ба деҳаи худ баргашта, дар мактаби миёнаи рақами 13 ба ҳайси муаллими риёзӣ  ба кор оғоз кардааст.  Давоми  фаъолияти худ падари бузургворам бо меҳнати ҳалол ва заҳматҳои зиёди омӯзгорӣ шогирдони арзандаеро ба камол расонидааст. Соли 1990 бо нишони “Аълочии маорифи халқ” қадрдонӣ гардида, соли 2000-ум ба нафақа баромад. Ӯ ки марди меҳнатдӯст буд, ором наистода ба деҳқонӣ машғул гардид. Корҳои пурмаҳсули падарамро дида, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов ӯро ба яке аз хоҷагиҳо бригадир таъйин намуд. Дар деҳа раисии маҳалларо низ ба уҳда дошт. Ёд дорам, замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки мардум намедонистанд  чӣ гуна бо тазодҳои замон бархӯрд кунанд ва зиндагии худро пеш баранд, падараш дар маҳалла  ҳидоятгари роҳи рости мардум гардида,онҳоро ба меҳнати ҳалол  ва дастгирии ҳукумат роҳнамоӣ мекард. Ҳамроҳи мардум пахта мечиду барои пешрафти хоҷагӣ саҳм мегузошт. Ӯро хурду калон эҳтиром мекарданд.     

Мо, чор нафар фарзанд, аз қиблагоҳамон ифтихор мекардем ва дар зиндагӣ идомадиҳандаи корҳои хуби ӯ гаштем. Феълан, мо фарзандон, касби падарро пеш мебарему ҳар яке барои тарбияи насли наврас камари ҳиммат бастаем. Апаи калониам Зебинисо Кенҷаева яке аз муаллимаҳои пешқадами мактаби таҳсилоти умумии рақами 13-и шаҳри Ваҳдат мебошад. Апаам Баҳриниссо Халифаева дар мактаби рақами 6-и шаҳри Ваҳдат ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёт фаъолият мекунад. Худи ман дар мактаби рақами 130 омӯзгори синфҳои ибтидоиям. Хоҳарам Уғулой муаллимаи забон ва адабиёти рус шуда кор мекунад. Мо бо интихоби касби омӯзгорӣ мехоҳем равони падарамон, Аҳмад Халифавро  ки солиёни зиёде ба омӯзиш ва тарбияи кӯдакон машғул буд, шод намуда, худ низ барои донишманд гардидани насли имрӯз саҳмгузор бошем.

Ҳабиба Ҳомидова,

муовини директор оид ба синфҳои ибтидоии мактаби рақами 130-и шаҳри Ваҳдат

 

Сатрҳо аз номаҳо

Пайроҳае, ки касро ба сӯи қуллаҳои умеду орзу мерасонад, ин, пеш аз ҳама, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва пандномаи китоби зиндагист. Хусусан, ҳунаромӯзӣ асоси фаровонӣ ва осудаҳолии ҳаёти инсон аст. Саҳифаҳои китоби зиндагӣ хеле рангоранг буда, пур аз пастиву баландӣ, талхию ширинӣ ва некию бадиҳост. Он давраҳои гуногуни умр, некиву  муҳаббат, ишқу вафо ва дигар лаҳзаҳои ҳаётро бо нақшу нигор зебу оро медиҳад.

Фарзона Яҳёева,

омӯзгори фарҳангшиносии коллеҷи

ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан

 

Ба мақсад мувофиқ мебуд, ки омӯзгорон оид ба тарбияи меҳнатӣ аз 5-6 дақиқаи соатҳои фаннӣ, дарсҳои тарбиявӣ моҳиронаю мақсаднок, аз қабили афсонаю қиссаҳои хурд, мақолу зарбулмасалҳо, шеъру таронаҳо истифода мебурданд. Дар онҳо оид ба меҳнати ҳалол, хайру баракати замин, дӯст доштани обу хок, донистани қадри нон, гандум ва ғайраҳо зиёд гуфта шудааст.

Ситора Саидова,

омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики

коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб

 

Агар мо ба зиндагиномаи устод Садриддин Айнӣ назар андозем, хоҳем дид, ки  ӯ зиндагии душвореро, ки пур аз мушкилот ва озмоишоти сангин мебошад, аз сар гузаронидааст. Ҳанӯз  дар замони кӯдакиаш дасти бераҳми сарнавишт  ҳодисаҳои мудҳишеро ба сараш овард. Мушкилот иродаи ӯро нашикаст, ягон чиз ӯро аз ҷустуҷӯ ва омӯзиш боз надошт. Ниҳоят хизматҳои устод Айнӣ бо баландтарин унвон-Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ гардид. 

Бахтовар Отаев,

омӯзгори мактаби №30,  ноҳияи Деваштич

«ОМӮЗГОР»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш