Нашрияи Омӯзгор

Роланд Безенвал - муҳаққиқи Саразм

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 62        Шарҳ: 0

 

Дар бораи омӯзиши таърихи Саразм - яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ олимони ватанию хориҷӣ тадқиқоти зиёде анҷом додаанд. Директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҷШС, академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи Саразм чунин навишта буд: «Айни замон А.И. Тереночкин ба ҳафриёти дигар қисми шаҳр - арк сар кард. Солҳои охир дар ин қитъа археологи ҷавон А.Исҳоқов  бомуваффақият кор мекунад».

Аввалин бор дар хусуси мавҷудияти Саразм бостоншинос, номзади илмҳои таърих, дотсент Абдуллоҷон Исҳоқов дар асоси бозёфти сокини деҳаи Авзалии Ҷамоати деҳоти Чимқӯрғон (ҳоло Саразм) Ашӯралӣ Тайлонов маълумот додааст.  Ашӯралӣ Тайлонов соли 1972 аз паҳнои назди деҳа дар вақти сохтмони хонаи истиқоматии  ҳамсоя табареро пайдо кард. Ӯ табарро сараввал ба раиси колхози «Ленинград» Ӯтамурод Қудратов нишон медиҳад. Сипас, онро ба чанд шахси дигар ҳам  нишон медиҳад, аммо ҳеҷ кас ба ин бозёфти таърихӣ эътибор намедиҳад. Ашӯралӣ табарро чаҳор сол дар хонааш нигоҳ дошта, баъдан, соли 1976 ба Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент бурда нишон медиҳад. Бо тавсияи кормандони осорхона Ашӯралӣ ин бозёфтро ба бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов, ки он замон дар шаҳри Панҷакенти қадим ҳафриёт мегузаронид, супурдааст. Аз ҳамон замон то имрӯз Саразм мавриди омӯзиш қарор дорад. Оид ба таърихи Саразм бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов мақолаҳои илмӣ, сонитар китоби илмии калонҳаҷми «Саразм. К вопросу становления раннеземледельческой культуры Зеравшанской долины. (раскопки 1977-1983 гг.)»-ро  нашр кард, ки онҳо дар омӯзиши таърихи Саразм аҳамияти калон доранд. Ҳамчунин, дар бисёре аз маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳон мақолаҳои арзишманди сардори ҳафриёти Саразм Абдуллоҷон Исҳоқов ва Роллан Безенвал чоп шудааст. А. Исҳоқов ҳамаи он мақолаҳоро дар маҷмӯаи китоби «Саразм» (Душанбе, 1991) ба нашр расондааст.

Саразм яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ҳисо-бида мешавад. Ин шаҳраки таърихӣ аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба тарафи ғарб 15 километр ва аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 40 километр масофа дорад. Масоҳати умумияш 100 гектарро ташкил дода, то соли 1985 4 бино ва 10 хандақи Саразм ошкор шуда буд. Масоҳати бинои аввал 180 мкв буда, аз 7 хона иборат аст. Масоҳати бинои сеюм 350 мкв буда, 13 хона дорад. Деворҳои он барои омӯзиши таърихи санъати меъмории тоҷикон аҳамияти махсус дорад. Тарафҳои баробар, масоҳати якхела, рӯ ба рӯй ҷой гирифтани даромадгоҳҳо ва се долони ба ҳам монанд шаҳодат медиҳанд, ки он аз рӯйи нақшаи махсус сохта шудааст. Хонаҳои истиқоматӣ мураббаъ ва росткунҷа, бари даромадгоҳҳо хурд, фарши хонаҳо ба андозаи 75-95 см оташдони мудаввар дорад, гирдашро деворча гирифтааст, ки ғафсиаш 8-12 см, баландиаш 9-10-ро см ташкил медиҳад. Дар ҳавлии дарун оташдон сохта, тамоми истиқоматкунандагон аз он истифода мебурданд. Ҳавлиҳо барои партовҳо хандақ доштаанд, ки аз дохили онҳо асбоби рӯзғор ва осори маданият ёфт шуданд. Бинои чаҳорум 18 хонаро дар бар мегирад.  Ин қисмат ибодатгоҳ дошт. Дар Саразм чаҳор давраи ҳаёт, ки ёдгориҳои он С-1, 11,111, 1У ном гирифтанд, ошкор шуд.

Аҳолии Саразм ба деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, инчунин, ба маъдангудозӣ (мис, тилло, қалъагӣ) машғул будаанд. Мис ва қалъагиро омехта, табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигирӣ, дирафш ва сӯзан месохтанд. Кулолони Саразм ба воситаи чархи кулолӣ коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза ва  хум сохта, онҳоро бо ранги сиёҳ, қирмизӣ, сурх, гулобӣ, зардча оро медоданд. Сокинони Саразм бо кишварҳои зиёде робитаи тиҷоратӣ доштаанд. Ашёи биринҷии ёфтшуда, аз қабили корд, ханҷар, табари дудама, сангҳои тарозу, зарфу гӯшмоҳӣ, асбоби зебу зиннат (аз фирӯза, лоҷувард, ақиқ) шоҳиди онанд. Либоси Саразмиён аз пашму пӯст буд.

Дар натиҷаи тадқиқоти археологӣ маълум гашт, ки Саразм яке аз қадимтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр будааст. Бозёфтҳои он шаҳодат медиҳад, ки аҷдодони тоҷикон то ҳуҷуми ҳахоманишиён дорои маданияти воло будаанд.

Тайи ин солҳо олимони бостоншинос ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои хориҷ дар харобаҳои Саразми қадим ҳафриёт гузаронидаанд, ки яке аз онҳо бостоншинос Роланд Безенвал мебошад. Вай аз соли 1984 то ин дам мунтазам ба Саразм меояд. Барои ҳафриёт ба онҳо бинои алоҳида ҷудо карда шудааст. Бостоншиносони фаронсавӣ 400 метри мураббаъ майдони бинои номбурдаро кушодаанд. Бояд гуфт, ки бинои 7 мисли биноҳои дигари Саразм чор давраи сохтмон дорад, ки ҳар яке аз ҷиҳати олоти меҳнатии худ аз якдигар фарқ мекунанд. Роланд Безенвал дар ҷараёни ҳафриёт маводи зиёде пайдо намуд. Бозёфтҳои назарраси вай осори хонаи истиқоматӣ ва муҳри қӯрғошимӣ мебошад. 

Роланд Безенвал соли 1989 оилаашро низ ба Саразм оварда буд. Писараш Адриани 4-сола дар хоктӯдаҳои наздики ҳафриёт бозӣ мекарду забони тоҷикиро меомӯхт. Ҳамсараш Розен ҳар пагоҳ бозёфтҳояшро ширеш намуда, кори ояндаро ба нақша мегирифт. Роланд Безенвал забони тоҷикиро хуб медонист. Сокинони маҳал бо ӯ бо забони модарии  худ-тоҷикӣ суҳбат мекарданд.

Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои тадқиқотӣ дар шаҳри Саразм эътибори махсус  зоҳир мекунанд. Сарвари кишвар 2 маротиба (солҳои 2003-2005) ба Саразм ташриф оварда, бо раванди корҳои тадқиқотӣ, таъмиру тармими Саразм, таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон аз наздик ошно шуданд. Дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар (19.03.2018) Пешвои муаззами миллат чунин гуфтанд: «Таърих оинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин оинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд».

Аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» қабул гардид, ки дар доираи татбиқи он ҷиҳати таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла, Саразм корҳои зиёде анҷом дода шудааст.

М. Мирзоева,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш