Нашрияи Омӯзгор

Посдори санъату фарҳанги миллӣ

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 54        Шарҳ: 0

 

Шамсӣ Қиёмов зодаи шаҳри Самарқанд аст. Ӯ ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ роҳи ҳунарро пеша карда, тавассути омӯзиши  пайваста ба мақсад расид. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон,  режиссёр ва  драматурги шинохта, узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (аз соли 1959) буд. Ӯ соли 1941 факултаи режиссёриро дар назди устоди Институти давлатии ба номи А. В. Луначарский- Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ю. Завадский хатм намуда, ба Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргашт ва ҳамчун актёр ва таҳиягари намоишномаҳо   фаъолият кард. Солҳои 1957 – 1958 роҳбарии  студияи тоҷикиро дар омӯзишгоҳи ба номи М. Шепкин ба уҳда дошт. Фаъолияти эҷодияшро (солҳои 1958 – 1962) ба сифати режиссёри театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ идома дод. Соли 1962 режиссёри аввали студияи телевизиони Тоҷикистон таъйин гардид. Вай, ҳамзамон,  ҳамчун дотсенти кафедраи режиссёрии ДДФСТ   ба номи М. Турсунзода дар таълиму тарбияи шогирдон  саҳми муносиб гузошт.  Устод дар фаъолияти кориаш беш аз панҷоҳ образро ҳамчун актёр дар саҳнаи театр офаридааст. Образҳои Фрондоса (аз «Лоуренсия» - и Лопе де Вега), Хлестаков (аз «Ревизор» - и Гогол), Суҳроб (аз «Рустам ва Суҳроб» – и Фирдавсӣ) аз ҳамин зумраанд.

Дар баробари  ин, устод Ш. Қиёмов ҳамчун драматург як қатор намоишномаҳо эҷод карда, онҳоро саҳнавӣ гардондааст. Пйеса ва драмаҳои «Зебуннисо», «Садои Сталинград», «Духтари холаи ман», либреттоҳои «Се хубони Ҷануб», «Баҳори Бадахшон», «Писари Ватан», пйесаҳо барои телевизион «Садои дил», «Варақи зиндагӣ», «Гёте ва Бетховен», «Санги сеҳрнок», «Танбали  корбудкун» намунаи онҳост. Устод ҳамчун режиссёр ва коргардон дар ғанӣ гардондани барномаҳои театрии  муассисаҳои театрии ҷумҳурӣ саҳми худро гузоштааст. Аз ҷумла, дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов – «Зол ва Рудоба», «Робияи Балхӣ» (дар театри ба номи Лоҳутӣ), «Ишқ ва шамшер», «Ишқи хаёлӣ» (дар театри мазҳака – мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ), операи «Айнӣ» (дар Театри  давлатии  опера ва балети ба номи С. Айнӣ) – ро ба саҳна гузоштааст, ки муҳтавои онҳо то ҳанӯз дар хотири мухлисони  театри тоҷик нақш бастааст. 

Яке аз паҳлуҳои фаъолияти эҷодии ӯ тарҷумонист. Баргардони асарҳои Ж. Б. Молйер «Найрангҳои Скапен», П. Мериме «Ишқи африкоӣ», Ф. Тошмуҳаммадов «Ҳофизи афсонагӯй», С. Михалков «Ревизори худнамо», М. Волиной «Марғзори офтобрӯя» ба ӯ тааллуқ доранд.  Мавсуф ҳамчун ҳунарпеша дар филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» - «Қисмати шоир», «Рафиқи ман – Наврӯзов», «Одами даркорӣ» нақшҳои хотирмон офаридааст. Ӯ муаллифи филмномаҳои «Вақти хонадоршавии писар расид», «Ташхиси мори афъӣ» низ мебошад. Шамсӣ Қиёмов махсус барои  наврасон  15 пйеса навиштааст, ки қисми зиёди онҳо дар телевизион ва театрҳои тоҷик намоиш дода шудаанд. Вай дар спектаклҳои «Эраҷ паҳлавон», «Духтари ҷасур», «Заргӯши доно», «Хобҳои сеҳрнок», «Дайдуча», «Зебояки ҳилагар» ва ғайра рафтору кирдор, симои зоҳирӣ, ҷаҳони ботинии қаҳрамонони хурдсолро боварибахш тасвир намудааст.

Фаъолияти густурдаи ӯ дар соҳаи омӯзгорӣ, дар тарбияи шогирдони соҳаи театр ва кинои  Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бештар ба назар мерасад. Ӯ тӯли солҳои зиёд дар ин даргоҳи илму ҳунар ба шогирдон сабақ омӯхтааст.

Устод Шамсӣ Қиёмов соли 1982 ба нафақа баромад, вале ҳамеша дар ҳалқаи собиқ  ҳамкорону  шогирдон, ба қавли маъмул, гули сари сабад буд. Дар ҳаштодсолагияш ин дунёро падруд гуфт.

Агар умр вафо мекард, 1 январи соли 2020 – ум устоди арҷманди мо 100 – сола мешуд. Мо, шогирдон, бо ному фаъолияти пурмаҳсули илмиву эҷодии шодравон Шамсӣ Қиёмов ифтихор дорем.

М. САНГОВ,

устоди кафедраи режиссёрӣ

ва продюсерии ДДФСТ

ба номи М. Турсунзода                


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш