Нашрияи Омӯзгор

Нақши китоби дарсӣ бузург аст

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 37        Шарҳ: 0

 

Ба омӯзгор дар раванди таълим китоби дарсӣ мадади калон мерасонад. Маҳз китоби дарсӣ ҳамчун василаи шиносоӣ бо матнҳои гуногун (шеър, афсона, ҳикоя), чистону тезгӯякҳо ва зарбулмасалу мақол ба омӯзгорону хонандагон хидмат расонида, баҳри такмилу сайқал ёфтани нутқи хаттию шифоҳӣ, ҳофизаю хотира ва донишандӯзии хонанда мусоидат мекунад.

Барои мо, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, китобҳои тозатаълифи олимони мактабшинос аз силсилаи китобҳои «Насли нав» (барои синфҳои 1-4) аҳамияти баланди методию таълимӣ дошта, дар раванди раҳандозии машғулиятҳо, бо ҷанбаҳои назариявию амалии худ муассиру созгор мебошанд. Яке аз ин гуна китобҳои пурмуҳтаво, ҷолиб ва шавқовар «Забони модарӣ» барои синфи 3 (муаллифони он И.Абдуллоев, З.Абдуллоев, Б.Боронов ва З.Дорғабеков) маҳсуб ёфта, бо фарогирии мавзӯъҳои дорои аҳамияти баланди тарбиявию ахлоқии худ диққатҷалбкунанда мебошад. Хусусияти назаррасу фарқкунандаи китоби мазкур аз дигар китобҳои дарсӣ дар он мебошад, ки ҷиҳатҳои тарбияви мавзӯъҳо бо омилҳои сарфию навҳӣ (грамматикӣ) тавъам омӯзонида шуда, дар тарбияи хештаншиносию ватанпарвариии хонандагон ва ахзудкунии донишҳои замонавӣ ба онҳо кумак мекунад.

Аз ҷумла, аз мавзӯи сеюм - «Қоидаҳои рафтор дар мактаб» рафтор дар ошхонаю китобхона нишон дода шудааст. Аз ин матнҳо маълум мегардад, ки хонандагон дар мактаб ба дарсҳо бе сабаб дер намонда, ба суханони омӯзгор бояд бодиққат гӯш бидиҳанд.

Дар вақти ба ошхона рафтан, дар назди миз якпаҳлу нишаста, пойро болои пой гузоштан аз рӯйи одоб нест. Дар китобхона бошад, мағал бардоштану бо овози баланд сухан гуфтан манъ аст. Ҳамчунин, дар зери матнҳо луғатҳои душворфаҳм оварда шуда, супоришҳои грамматикӣ ба тарзу шеваҳои гуногун пешниҳод гардидаанд. Масалан, маънои калимаҳои «ниҳон», «айём», «хуршед» ва «пойдор»-ро шарҳ бидиҳед. Ё «барои чӣ шоир мегӯяд: «Ки аввал дориву охир нодорӣ» (ишора ба шеъри «Тоҷикистон»-и Лоиқ Шералӣ).

Шеърҳое, ки дар китоби мазкур ҷой дода шудаанд, дорои тасвири манзара, ифтихор аз таърихи тоҷикони мубориз ситоишу таърифи муқаддасоти миллӣ ва ғайра мебошанд. Супоришҳои грамматикии китоб низ гуногун буда, вобаста ба ҳиссаҳои нутқ, калимаю ибораҳо тартиб дода шудаанд. Дар иртибот ба синну соли хонандагон бахши зиёди матнҳои китобро ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот ташкил додааст. Аз ҷумла, ҳикояи «Чоҳкан-зери чоҳ», ки қаҳрамонони он рӯбоҳ, шағол ва шер ба шумор мераванд, ҷолиб буда, маънои рамзӣ дорад. Дар умум, китоби «Забони модарӣ» (барои синфи 3) аз заҳмати бардавоми муаллифон дарак медиҳад. Воқеан, таълифи китоби дарсӣ амали сангин буда, донишу ҷаҳонбинӣ ва омӯзиши васеъро тақозо мекунад.

Сония Ҳомитова,

омӯзгори мактаби №26,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш