Нашрияи Омӯзгор

Аҷоиботи биологӣ

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 33        Шарҳ: 0

 

1. Парандаҳое мавҷуданд, ки (фотимачумчуқ, майна) хӯрок дар меъдаи онҳо дар 8 – 10 дақиқа ҳазм мешавад.

2. Дар Африқо дарахте мавҷуд аст, ки аз худ рӯшноӣ медиҳад, зеро дар таркиби ин дарахт миқдори зиёди фосфор мавҷуд аст. Аҷибаш дар он аст, ки шабона дар зери ин дарахт бе мушкилӣ китоб хондан мумкин аст.

3. Дарахти нормушк (эвкалипт) беш аз 100 метр қад мекашад.

4. Дони гандум дар таркиби худ 13 – 14% об дорад.

5. Рустаниҳое мавҷуданд, ки гулҳои онҳо дар соатҳои муайян кушода ва пӯшида мешаванд. Ин гуна растаниҳоро “соатҳои биологӣ” меноманд.

6. Ламинария (карами баҳрӣ) яке аз обсабзҳои калонтарин ба ҳисоб меравад, ки то 5 метр қад мекашад.

7. Арчаҳо зиёда аз 1000 сол умр мебинанд.

8. Дар Бразилия дарахте мерӯяд, ки бо захмӣ шуданаш аз бадани он шир мерезад, таркиби ин шир ба монанди шири гов аст. Агар чанд ҷои ин дарахтро захмӣ кунем, он то 4,5 – 5 литр шир медиҳад.

9. Барои то 3 метр қад кашидани арча зиёда аз 100 – 120 сол вақт лозим аст.

10. Дарахти тут 200 – 300 сол умр мебинад.

Таҳияи Толиб Давлатов,

омӯзгори биологияи мактаби №35,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш