Нашрияи Омӯзгор

Устоди соҳибмактаб

Сана: 2020-08-06        Дида шуд: 25        Шарҳ: 0

 

Устод Саидқул Тағоев шахси хоксору фурӯтан буда, умри пурбаракати худро ба касби омӯзгорӣ, ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст.

Саидқул Тағоев баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Университети давлатии ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ), ба факултаи забон ва адабиёти тоҷик супурда, соли 1970 донишгоҳи мазкурро бо муваффақият хатм намуд  ва мувофиқи тақсимоти комиссия ба ноҳияи Данғара барои кор фиристода шуд.

Дар мактаби рақами №9, деҳаи Сангтӯда ҷонишини директор оид ба қисми илмӣ таъйин гардида, дар ин вазифа як сол кор карда, аз моҳи феврали соли 1972 дар вазифаи мудири шуъбаи кор бо мактабҳои кумитаи комсомоли ноҳия ба кор пардохт. Аз соли 1974 дар мактаби №5, ноҳияи Данғара ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик корро идома дода, таҷрибаи  пешқадами худро ба омӯзгорони ҷавон омӯзондааст. Хизматҳои ӯро ба ҳисоб гирифта, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон қадр намудааст. Айни ҳол устод Саидқул Тағоев фаъолияти кориашро дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара ба ҳайси омӯзгори калон давом дода, ба донишҷӯён дарс мегӯяд.

Маҳбуба Шаробова,

омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш