Нашрияи Омӯзгор

Рушди сифати таҳсилот

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 48        Шарҳ: 0

 

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода дар ҳузури  доираи васеи намояндагони ВАО  вазъи маорифи ноҳияро мавриди баррасӣ қарор дода, ба сифати таҳсилот ва раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли таҳсили 2019-2020 баҳои сазовор дод.  Ба таъкиди раис, дар ин давра 65 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона ширкат варзида, дар даври вилоятӣ сазовори  4 медали тилло, 12 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ, дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби 4 медали биринҷӣ гардида, дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ бошад, 3 нафар хонандагон медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд. 87,2%-и хатмкунандагон барои дохил шудан ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ аз қайди ММТ гузашта, 21 нафар беҳтаринҳо тибқи озмуни квотаи Президентӣ барои идомаи  таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд.  Зикр шуд, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди як қатор синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва сохтмону таъмиру тармими 7 муассисаи таълимӣ, 9 синфхонаи таълимӣ, 2 кӯдакистон ва 6 муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои барои соҳа ҷудошуда ба нақша гирифта шудааст. 

   Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш