Нашрияи Омӯзгор

Варзоб: бунёди 112 иншоот бо дастгирии соҳибкорон

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 114        Шарҳ: 0

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 270 иншоотро ба нақша гирифтааст, ки аз он 12 адад муассисаи таълимӣ, 4 муассисаи томактабӣ, 15 толори варзишӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 11 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 дорухона ва дигар намуди иншооти хизматрасонӣ мебошанд. То имрӯз бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ 112 адад иншооти ба шарафи ин ҷашни миллӣ бунёдшаванда, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шудаанд. Ҳоло сохтмони 71 адад иншооти ҷашнӣ босуръат идома дорад.

Дар ин бора раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода  зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш