Нашрияи Омӯзгор

Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ тибқи тартиби нав

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 52        Шарҳ: 0

 

25 июл даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияҳои мамлакат тибқи тартиби нав — бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бе ҷалби тамошобинон доир мегардад.

Ба сабаби дар оғози моҳи май дар Тоҷикистон паҳн гардидани бемории COVID-19 ва зарурати андешидани тадбирҳо барои пешгирии ин беморӣ баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба таъхир гузошта шуда буд. Имрӯзҳо, ки вазъи санитарию эпидемиологии мамлакат ба эътидол омадааст, тартиби нави баргузории даври якуми озмун аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Тибқи тартиби нав даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 25 июл то 12 август, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз 25 июл то 26 август, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 25 июл то 3 сентябр, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 1 то 26 август ва дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе аз 18 то 24  август баргузор мегардад.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш