Нашрияи Омӯзгор

Кӯлоб: аз як даст садо намебарояд

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 102        Шарҳ: 0

 

 Имсол раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон, коркунони хоҷагӣ, соҳибкорону собиқ хатмкунандагони мактабҳо ва волидайни хонандагон ташаббус нишон дода, тасмим гирифтанд, ки муассисаҳои таълимиро бо қувваи худашон аз таъмир бароварда, ба соли нави таҳсил омода намоянд.

 Аз ин рӯ, дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои таъмирию сохтмонӣ бо қувваи худи омӯзгорону кормандони хоҷагии муассисаҳо вусъат ёфта истодааст.Тавре ҷонишини сардори раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Алишер Муминов дар хусуси раванди таъмиру тармим дар муассисаҳои таълимии шаҳр иттилоъ дод, корҳои таъмирӣ дар 55 муассисаи таълимии шаҳри Кӯлоб идома дорад. Барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷаи мақомоти маҳаллӣ 75 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағи АВО-ҳои муассисаҳои таълимӣ 120 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Айни ҳол дар 15 муассисаи таълимӣ таъмир пурра ба анҷом расида, дар 60%-и муассисаҳои таълимӣ корҳои таъмирию тармимӣ идома дошта, таъмиру рангубори қисмати дохилии биноҳои таълимӣ ба анҷом расидааст. Аз вазъи корҳои таъмирию ободонӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Зарбдор дидан намудем. Муассисаи таълимии №11 (директораш С. Шомуродов) дар маркази ҷамоати деҳот ҷойгир шуда, яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад, ки дар он зиёда аз 1021 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Сарвари мактаб дар суҳбат қайд намуд, ки дар сметаи хароҷотии мактаб 5 ҳазор сомонӣ барои таъмир ба нақша гирифта шудааст, корҳои таъмирӣ бомаром ҷараён доранд. Аллакай қисмати дохилии бинои мактаб пурра аз таъмир бароварда шуда, дар қисмати берунии бино таъмир идома ёфта, рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад. Дар муассисаи таълимии №53 (директораш Холматова) ҷараёни таъмиру тармим босуръат идома дорад. Директори мактаб Холматова иброз дошт, ки имсол  аз ҳисоби буҷаи мақомоти маҳаллӣ барои таъмиру тармими мактаб 25 ҳазор сомонӣ  ҷудо гардидааст, мутаассифона, то имрӯз ягон дирамашро нагирифтаем. Таъмиру тармими синфхонаҳо ва роҳравҳои дохилии бинои асосии мактаб бо маблағгузории АВО ва қувваи худи омӯзгорони муассиса ба анҷом расонида мешавад. Омӯзгорону коркунони хоҷагии мактаб азми қавӣ доранд, ки қисмати берунии бинои мактабро дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида, муассисаро ба соли нави таҳсил омода намоянд. Мушкилоти асосӣ нарасидани синфхонаҳои таълимӣ мебошад. Дар аксар мактабҳо таълиму тарбия дар се баст ҷараён дорад. Дар муассисаи таълимии №30 (директораш М. Хуррамова)  корҳои таъмирию ободкории мактаб бо қувваи омӯзгорону коркунони хоҷагии мактаб ба роҳ монда шудааст. Таъмири синфхонаҳоро роҳбарони синф ва падару модарони хонандагон ба анҷом расонидаанд. Рангу бори дару тирезаҳо, фаршу деворҳои бинои мактаб, хушсифат иҷро шудааст. Дар муассисаи таълимии №51 (директораш Носир Ҳақназаров) омӯзгорон ва АВО-и муассиса, корҳои таъмиру тармими синфхонаҳоро оғоз намуда, дар муҳлати 20 рӯз рангу бори дару девор ва фарши синфхонаҳоро бо сифати баланд ба анҷом расониданд. Бояд тазаккур дод, ки омодагиҳо ба соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо таъхир идома меёбад.      

Аз рӯзҳои аввали моҳи май кормандони шуъбаи маориф, директорону раисони АВО-и муассисаҳои таълимии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар қатори дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия, нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2020-2021 –ро таҳия намуда, бо мақсади таъмиру тармими босифат ситоди махсусро дар назди шуъбаи маориф таъсис доданд. Тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия А. Исоев дар суҳбат иброз дошт, имсол аз буҷаи мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия 450 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Айни ҳол 230 ҳазор сомонӣ дастраси муассисаҳои таълимӣ гардида, маблағгузорӣ дар ин самт давом дорад. Имрӯз 65%-и муассисаҳои таълимии ноҳия қисмати дохилии биноҳои таълимиро пурра аз таъмир бароварда,  таъмиру тармим дар қисмати берунии биноҳои таълимӣ давом дорад. Барои аз наздик шинос шудан ба рафти ҷараёни таъмиру тармим  аз муассисаҳои таълимии №№2,17,18,19 ва гимназияи давлатии №1-и ноҳия дидан намудем.

Дар муассисаи таълимии №18 (директораш Ш.Камолов)  омӯзгорону кормандони хоҷагии мактаб корҳои таъмириро дар дохили синфхонаҳо анҷом медоданд. Дар ҷараёни суҳбат бо омӯзгорону маъмурияти муассиса маълум гардид, ки аз тарафи буҷаи маҳаллӣ ягон хел маблағ барои таъмиру тармими бинои мактаб ҷудо нашудааст ва корҳои ободонӣ бо маблағгузории АВО-и муассиса, ки 5300 сомониро ташкил мекунад, иҷро карда мешавад. Директори муассиса иброз дошт, ки дар масъалаи таъмир якчанд маротиба соҳибкорони деҳаро ба мактаб даъват намуда, мушкилоту камбудиҳои мактабро гуфтааст  ва қисман шахсони саховатманд  ӯро дастгирӣ намуда, дар дарёфт намудани масолеҳи таъмирӣ дасти ёрӣ дароз намудаанд. Дар муассисаи таълимии №17 (директораш А. Раҳимов) корҳои таъмиру тармими муассиса дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад. А. Раҳимов дар хусуси таъмири мактаб иброз дошт, ки  бо мақсади таъмиру тармими бинои мактаб бо маблағи 20 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағи буҷаи маҳаллӣ корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Қобили қайд аст, ки маъмурияти мактаб дар ҳамкорӣ бо дастгирии собиқ хатмкунандагони мактаб Ш. Раҳмонов ва Б. Неъматов тамоми синфхонаҳои таълимиро таъмиру тармим намуда, муассисаро ба соли нави хониш омода намуданд. Бояд зикр кард, ки рафти иҷрои корҳои таъмирию тармимӣ дар муассисаҳои таълимии №№ 2,19 ва гимназияи давлатӣ аз тарафи омӯзгорону коркунони хоҷагии мактаб бо маблағҳои АВО-и мактабҳо  ҷараён дошта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. То имрӯз он маблағҳое, ки дар сметаи хароҷотии муассисаҳо барои таъмиру тармим ва нигоҳдории бинои муассиса ҷудо шудааст, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас нашудааст. Бо ҳамаи ин мушкилотҳо нигоҳ накарда, маъмурияти мактабҳо, омӯзгорону волидайни хонандагон  кӯшиш намуданд, ки ба қадри лозимӣ муассисаҳоро барои қабули хонандагон барои соли нави таҳсил омода намоянд.

Дар шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои ба соли нави хониш тайёр намудани муассисаҳои таълимӣ ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудаву нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст. Н. Ғоибзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия   иброз дошт, ки имсол аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабии ноҳия ба миқдори  633 700 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Мутаассифона, дар ин ҷо ҳам аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ягон дирам маблағ барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ҷудо нашудааст. Айни ҳол бо маблағи 34500 сомонӣ аз ҳисоби АВО-ҳо 18 мактаб аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда,  таъмир дар 33 муассисаи таълимӣ  дар ҳамкорӣ бо АВО, шахсони ҳимматбаланду саховатпеша ва дастгирии роҳбарони синфҳо идома дорад. Аҳли маорифи ноҳия ғайратмандона меҳнат карда, дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки  то 1 август на танҳо бинои муассисаҳои таълимиро пурра аз таъмир мебароранд, балки  роҳраву гулгаштҳои муассисаҳоро  низ ободу зебо гардонида, соли нави таҳсилро  намунавор пешвоз хоҳанд гирифт.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш