Нашрияи Омӯзгор

Шод зистан талош мехоҳад

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 33        Шарҳ: 0

 

Дар ҷомеа зиста нисбат ба рухдодҳои он, нисбат ба бурду бохт ва шебу фарози он бепарвову бетараф будан бешарафист, балки як навъ ҷиноят аст. Оне, ки чашми бедору сари ҳушёр ва дили ғамгусор дорад, ҳаргиз чунин буда наметавонад ва тавъам бо набзи замон месӯзаду месозад, метападу мегудозад.

Аз ҳамин тоифаи ҳассосу баору номус ва талошпешаанд аҳли қалам. Эшон аз ҳар комёбиву шукуфоии ҷомеа бонги нишот мезананд ва низ аз ҳар падидаи номатлубеву аз ҳар гуфтору кирдори манфуре изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ин маънии ҳикматрезро, ки аҳли хирад борҳо таъкид кардаанд, бори дигар ва бо услубу тобишҳои ҷозибу муассир муҳтавои китоби тозанашри адиб ва рӯзноманигори хушсалиқа Абдулқодири Раҳим «Шод зӣ, шод» ба хонандагон тавзеҳ мебахшад ва ҳамагонро ба фаъолият, ба иродатмандию ҷасурӣ ҳидоят мекунад. Ин китобро қаламкаши варзида аз як силсила мақолаҳои солҳои охир таълифкардааш, ки дар нашрияҳои бонуфузи кишвар ба табъ расидаанд, мураттаб сохтааст. Бо мутолиаи ин силсилаи мақолаҳо мо ба муҳити хеш бо чашми амиқбину моҳиятҷӯ менигарем, ба андеша меравем ва тавъам бо нигоранда ба қазоват мерасем. Номи шоиронаи «Шод зӣ, шод», ки барчида аз ҳикмати машҳури устод Рӯдакӣ «Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод, Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!» мебошад, бо мазмуну мундариҷаи китоб хеле созгор афтодааст. Муаллиф менависад: «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ … шод зистанро талқин менамуд… Мурод, албатта, ҳамин шод зистан, шод будан аст. Ба назари аввал ин таъкиду талқин ва ин мавзӯву ин маънӣ сода менамояд, аммо агар ба дидаи ақлу андеша дуруст бинигарем, тамоми зиндагии одамӣ «дар ин дайри дудар» (ба қавли Умари Хайём) ба он сахт иртибот дорад. Дар асри ҳозир ҳам башар, инсоният ва тамоми давлату ҳукуматҳо роҳи шод зистанро ҳамеша меҷӯянд». Воқеан, чӣ гуна метавон шод зист? Бо мутолиаи силсиламақолаҳои китоби «Шод зӣ, шод» хонандаи бохираду маърифатоин ба ин суол ҷавоби саҳеҳу пурдалел ва бунёдманд дармеёбад; барои шод зистан аз дарду ғами замона ва аҳли ҷомеа набояд канораҷӯӣ кард, набояд сатҳиназару лоубол буд ва дар лобалои ҳаводиси гуногуни рӯзгор бетарафӣ пеша намуд, баръакс бояд ҷасуру чобуку устувору ҷӯяндаву пӯянда буд ва ёд аз ин ҳикмати волои Иқболи хирадсолор бояд овард: «Ба дарё ғалту бо мавҷаш даромез, Ҳаёти ҷовидон андар ситез аст». Муҳтавои мақолаҳои китоб даъват месозад, ки барои шод зистан бояд бомаърифат буд, оини ниёгонро пос бояд дошт, дар доираи қоидаҳои маъмули одоб амал бояд кард, некуву санҷида сухан ба забон бояд овард, Ватанро, модарро, миллатро, забони модариро арҷгузор бояд буд, пайваста китоб бояд хонд, қадру манзалати аҳли илму адабро бояд донист, ба ифротгароёну кинаварон, нотавонбинону зиёнкорон нафрин бояд хонд. Шоистаи таъкид аст, ки мақолаҳои китоб хеле воқеъбинона, моҳиятҷӯёна, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва бо забони дилчаспу муассир нигошта шудаанд ва дар умқи онҳо набзи дили пурэҳтироси як қаламкаши бошарафу баномуси миллат хуб эҳсос мешавад. Ин аз тавонмандиву неруи қалам ва маҳорати суханварии муаллиф аст, ки кулли мақолаҳо ҳаҷман хурду фишурдаанд, вале мазмуни амиқу мавзӯи густурдаро фаро мегиранд ва ёд аз гуфтаи машҳури Маҷди Хофӣ меоваранд: «Балоғат дар сухан донӣ чӣ бошад? Каломи андаку маънии бисёр».

Хонанда бо мутолиаи мақолаҳои «Аз интизор то ифтихор», «Қобуснома»-и даврро бояд навишт», «Ҳаёт бубахшему ифтихор», «Беҳтарин тақлид», «Чаро бар падар ҷафо мекунем?!», «Модар дар шеъри оламгири мо», «Бинигарему биравем?», «Китоб ва мо, на мо ва китоб», «Паёмбар ва зан», «Аз ҳалокатҳо то надоматҳо» … ба қазовати мазкур бештар имон меоварад.

Абдулқодири Раҳим адиби вусъатбин ва фаъолу пурмаҳсул аст. Ӯ ҳамчун шоири соҳибистеъдоду маънигустар вориди арсаи эҷод гашта, тадриҷан маъруфият дарёфтаву домани эҷодашро густариш бахшидааст. Ҳамакнун, муаллифи чандин китоби ашъор, китобҳои ҳикоёту таронаву мақолаҳо ва таҳияву тарҷумаҳост. Китоби нави ин адиби иродатманд «Шод зӣ, шод» талқингари ростиву растагорӣ, муҳаббат ба Ватани маҳбуб ва талош баҳри созандагию бунёдкорӣ буда, ҳамзамон, дастури муфидест ба қаламкашони ҷавон баҳри омӯзиши асолати нигорандагӣ.

 

А. Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш