Нашрияи Омӯзгор

Номи некаш ҷовидонист

Сана: 2020-07-30        Дида шуд: 66        Шарҳ: 0

 

Дар китобе ҳикмати  олиеро хондаву ёддошт карда будам: «Чист, ки  беҳтар аз зиндагонӣ  ва бадтар аз марг бошад? Беҳтар аз зиндагонӣ некномист ва бадтар аз марг - бадномӣ». Дар ҳақиқат, номи неку идомаи   ҳаёти инсон аст ва ӯро дар ёдҳову дар дилҳо абадан зинда нигоҳ медорад. Аз ин ҷост, ки  бисёр  бузургон ситоиши   номи нек кардаанду накувонро мардуми  шариф  хондаанд. Хуш ба ҳоли ҳар фарди  соҳибфазилате, ки бо гуфтору рафтори наку сафи инсонҳои наҷибро  афзун месозад ва гарчи  бо амри  тақдир тарки  олам  мегӯяд, номи накуяшро барои солиёни  зиёд сабт  дар ҷаридаи дилҳо  мекунад. Устоди арҷманди мо, номзади   илмҳои  иқтисодӣ, дотсенти кафедраи  системаҳои  иттилоотӣ  дар иқтисодиёти  Донишгоҳи давлатии  тиҷорати Тоҷикистон  Рустам Исоев аз зумраи  чунин ашхоси  накуном буданд ва гарчи  чандон умри  тӯлонӣ надиданду дар 73-солагӣ  (ду моҳ қабл аз ин) тарки  олам  гуфтанд, бо азму иродаи  қавӣ  корҳои  зиёдеро ба нафъи илму ҷомеа сомон бахшиданд. Устод инсоне буданд хеле  наҷибу покизакирдор ва хушгуфтор. Шогирдонашонро, ҳамкоронашонро самимона дӯст  медоштанду бо ҳама муносибаташон ҳамида буд. Пайваста меомӯхтанду такмили ихтисос мекарданд ва аз атрофиёнашон (хоса, донишҷӯён) низ инро  тақозо доштанд. Дар баробари таълиму тарбияи  шогирдон ба таълифоти  илмӣ машғул мешуданд ва барои  навиштани  чанд рисолаи  нав оид ба ҷанбаъҳои  илми иқтисодиёт  далелу санадҳои ҷолиб  гирд оварда буданд.  Ман ифтихормандам, ки  шогирди  чунин  инсони   баруманд мебошам ва зери  роҳбарии  он кас рисолаи  номзадӣ навиштаву бомуваффақият ҳимоя кардам.

Устод Рустам Исоев ҳамагӣ чанд ҳафта пас аз дифои  рисолаи  номзадиям (дар соҳаи  иқтисодиёт) ҳидоятам карданд, ки ба навиштани рисолаи  докторӣ  шурӯъ намоям ва ин даъвати устодро ман самимона пазируфтам… Афсӯс, ки  устод имрӯз дигар дар қайди ҳаёт нестанду моро роҳбарӣ намекунанд. Лекин он ҳама  тафсиру таҳриру  маслиҳату дастгириҳояшон, ки  ҳаргиз аҳамияту моҳияти  худро  гум  намекунанд, ҷисман набудани  устодро дар паҳлуи  мо – шогирдон ҷуброн мекунанд. Яъне устод ҳамеша бо мо хоҳанд буд.

Намурд он касе, к-аз ҷаҳон ном бурд,

Ки марди  накуном ҳаргиз намурд.

 

Фирдавс НАҶМИДДИНОВ,

номзади  илмҳои  иқтисодӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш