Нашрияи Омӯзгор

“Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори барҷастаи даврони нав”

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 79        Шарҳ: 0

 

Таҳти ин унвон маҷмӯаи асарҳои доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев тариқи нашриёти “Ношир” чоп гардид.

Китоби “Сиёсатмадори барҷастаи даврони нав” натиҷаи афкору андешаҳои муҳаққиқи дақиқназар ва таҳлилгаро дар мавриди таҳлилу баррасӣ ва тараннуми корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори даврони нав буда, фарогири мақолаҳое мебошад, ки тайи солҳои гуногун таълиф гардидаанд.

Очерку мақолаҳои он ба се забон-тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ таълиф шуда, муҳтавои мақолаҳои гирдомада як андеша ва мақсадро ифода менамоянд:

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан, сиёсатмадори барҷастаи даврони нав буда, соҳиби донишу истеъдоди нодири фитрӣ, модарзодӣ мебошанд, ки ин файзу эҳсон ва баракату атои Илоҳист.

 

 

 

“Ҷавонон ва оиладорӣ: Пешвои миллат ва таҳқиқи муаммоҳои иҷтимоӣ”

Таҳти унвони “Ҷавонон ва оиладорӣ: Пешвои миллат ва таҳқиқи муаммоҳои иҷтимоӣ” китоби номзади илмҳои фалсафа, дотсент, сардори маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фаридун Ҳодибоев тариқи матбааи “Нури маърифат” ба нашр расид.

Китоб зери назари Ҷамшед Ҷӯразода – ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор рӯи чоп омада, дар он талошҳои созанда ва ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, омилҳои пойдории давлат ва рушди он, тарбияи ахлоқӣ-ватандӯстии ҷавонон, рукнҳои оиладорӣ ва устувории он, омодагӣ ба оиладорӣ, пешгирии низоъ дар оила ва падидаҳои манфӣ дар байни ҷавонон ва ҷомеа баррасӣ шудаанд.

Муҳаррири китоб адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ Субҳони Аъзамзод мебошад. Китоб барои донишҷӯён, муҳаққиқону омӯзгорон, ҷомеашиносон, фарҳангшиносон, кормандони сохторҳои давлатии кор бо ҷавонон, занон ва оила, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар алоқамандон тавсия гардидааст.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш