Нашрияи Омӯзгор

Таълифи 6 китоб ва 78 дастур

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 70        Шарҳ: 0

 

 - Бо мақсади ҷалби довталабон ба донишгоҳ мо тамоми тадбирҳоро андешида, корҳои  тарғиботию ташвиқотиро пурзӯр менамоем. Ин аст, ки тибқи маълумоти омории ММТ – и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли ҷорӣ 43 ҳазор нафар довталаб  ихтисосҳои донишгоҳро аз рӯйи кластерҳои 1, 2 ва 5 интихоб намудаанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Усмон Маҳмадёрзода. Бино ба иттилои ректор, дар соли таҳсили 2019 – 2020 дар даҳ факултаи донишгоҳ ва чилу нуҳ кафедра аз рӯйи чилу шаш ихтисос 6214 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Таълими донишҷӯён аз рӯи 45 барномаи бакалавр, 1 барномаи мутахассис ва 35 барномаи магистр, 27 барномаи доктор аз рӯйи ихтисоси PhD ба роҳ монда шудааст.

Дар нишаст қайд гардид, ки ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар комплекси агросаноатии зинаи магистратураи донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ аз тарафи ширкати аврупоии «Акквин» гузашт. Инчунин, ҳуҷҷатҳои шаш ихтисоси донишгоҳ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан дар ҳоли омодагӣ қарор доранд.

Оид ба фаъолияти доманадори донишгоҳ У. Маҳмадёрзода, аз ҷумла, зикр кард, ки имрӯз барои таълиму тарбияи мутахассисони оянда зиёда аз 450 устод (6 академики АИКТ, 2 узви вобастаи  АМИ  Тоҷикистон, 3  узви вобастаи АИКТ, 46 доктори илм 21 проффессор, 145 номзади илм ва ғайра)  машғули таълиму тарбияанд. Ҳоло аз 156 нафар шогирди аълохон нуҳ нафар стипендияи Президентӣ ва шаст нафар аз ҳисоби лоиҳаи «Рушди човодорӣ ва чарогоҳҳо» идрорпулӣ мегиранд.

- Аз 1664 нафар хатмкардаи донишгоҳ 38 нафарашон соҳиби дипломи сурх (аъло) гардиданд, ки ин нисбат ба соли таҳсили 2018 – 2019 ёздаҳ нафар зиёд мебошад, - афзуд ректор. Теъдоди адабиёти таълимӣ  низ сол то сол меафзояд ва ин ҳам боиси болоравии сифати дониш мегардад. Дар шаш моҳи соли 2020 аз тарафи олимону омӯзгорони донишгоҳ 6 китоби  дарсӣ, 78 дастури методӣ, 4 монография таълиф гардид.

Гуфта шуд, ки дар назди донишгоҳ дар давоми  шаш моҳи соли ҷорӣ чор Шӯрои диссертатсионии миллӣ ва як Шӯрои диссертатсионии тобеи комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия амал намуданд. Дар ин шӯроҳо 12 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд, ки аз ин 6 нафар устоди донишгоҳанд. Дар шӯроҳои диссертатсионии  беруна низ чор нафар устоди дигари донишгоҳ рисолаҳои номзадии хешро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Бо назардошти вазъи баамаломадаи ҷомеаи ҷаҳонӣ – пандемияи CОVID – 19 тибқи дастури Вазорати  маориф ва илми ҷумҳурӣ ба раванди таълим тағйирот ворид карда шуд. Бо ин мақсад сессияи санҷишию имтиҳонии  нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019 – 2020 барои донишҷӯёни курсҳои 1 – 4 – уми ихтисосҳои ҳамгиро аз рӯйи натиҷаи холҳои бадастомадаи донишҷӯён дар рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда шуд. Баргузории имтиҳонҳои иловагӣ ё сессияи хурд барои донишҷӯёни аз сессияи тобистона қарздормонда то ба эътидол омадани ҳолати имрӯза дар мавсими тобистону тирамоҳ ба назар гирифта шудааст.

Дар нишаст, ҳамчунин, оид ба дигар паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳ ба рӯзноманигорон маълумоти саҳеҳ дода шуд.   

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш