Нашрияи Омӯзгор

Даври шаҳрии озмун

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 60        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Бохтар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд. Шоҳҷоизаи озмун дар ин давр 3000 сомонӣ муайян шудааст.

Аъзои ҳакамон фаъолияти довталабони озмунро аз рӯи 5 шарт баҳогузорӣ мекунанд.

 

367 омӯзгори ҷавон ба ҷои кор ҳозир нашуданд

Омилҳои ба худкушӣ даст задании ноболиғон, норасоии китобҳои дарсӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, сабабҳои ба ҷои кор ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон, дар хонаҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият кардани чанде аз муассисаҳори таълимӣ, бе суратҳисоб фаъолият доштани Шӯрои падару модарон, мутобиқати китобҳои дарсӣ ба барномаи таълимӣ, саривақт дастрас нашудани маблағи рухсатии омӯзгорон дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Левакант, Балҷувон ва ғайра, аз масъалаҳое буданд, ки мавриди таваҷҷуҳи рӯзноманигорон зимни нишасти матбуотии раёсати маорифи вилояти Хатлон қарор гирифтанд. Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловаршоҳ Исозода оид ба фаъолияти соҳа муфассал ҳисобот дода, гуфт, ки дар вилоят теъдоди омӯзгорон нисбат ба соли гузашта 559 нафар зиёд шудааст. Имсол  1232 омӯзгори ҷавон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои кор ҳозир шуданд, ки 77 дарсадро ташкил медиҳад. Имрӯз дар мактабҳои шаҳру навоҳии вилоят ба 942 омӯзгор ниёз доранд.

Дар фарҷом Д.Исозода ба суолҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавобҳои дақиқ дода, ба рӯзноманигорон ҷиҳати ҳамкорӣ миннатдорӣ баён намуд.

С.АЗИЗӢ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш