Нашрияи Омӯзгор

Вазифаи хонагӣ ва пешниҳоди он

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 90        Шарҳ: 0

 

Супориши вазифаи хонагӣ як қисмати асосии дарс ва давоми мантиқии мавзӯи нав аст.

Вазифаи хонагӣ бояд андозаи муайянеро соҳиб бошад ва давоми дарси онрӯза буданаш эҳсос гардад. Аз ҷумла, омӯзгори забони модариро лозим аст, ки дарсро чунон ба нақша гирад, ки супоридани вазифаи хонагӣ то танаффус давом наёбад (вазифа набояд баъд аз танаффус дода шавад). Аз сабаби аҳамиятнок будани кори хонагии хонандагон омӯзгорро лозим меояд, ки вақти вазифасупориро сарфа намуда, мазмуни супориши хонагӣ, нишондодҳо оид ба иҷрои вазифаи хонагиро пешниҳод намояд. Вазифаи хонагӣ бояд бурро, мухтасар ва аниқ хонда, дар тахтаи синф қайд карда шавад, то онро хонандагон дар рӯзномаҳои худ кӯчонда тавонанд.

Баъзан омӯзгорон мегӯянд, ки дар охири дарс вақт кам мемонаду супориши хонагиро пурра фаҳмонда дода натавонистам. Таъкид намудан ҷоиз аст, ки ин ҳолат то пайдо шудани малакаи хонандагон давом карда, тадриҷан вақт барои додани вазифаи хонагӣ кам шудан мегирад. Аммо омӯзгор бояд ҳатман вақтро дар тақсими қисматҳои дарс  ба инобат гирад.

Азбаски омӯзгор мавзӯи навро ба хонанда пурра фаҳмонида оид ба он дар синф машқҳо аз китоби дарсӣ ва ҷумлаҳо аз асарҳои бадеӣ оварда таҳлил кардааст, иҷроиши вазифаи хонагӣ барои хонанда мушкилӣ намеорад. Масалан, омӯзгор дар дарси забони модарии синфи 8-ум мавзӯи «Хабар, хабарҳои номӣ ва феълӣ» - ро мегузарад, оид ба мавзӯъ машқҳои амалӣ иҷро менамояд ва дар охир вазифаи хонагӣ месупорад, албатта, хонанда дар асоси қоидаҳои наҳвии хабар супоришро иҷро карда метавонад. Аммо бояд омӯзгор назоратро аз болои иҷрои вазифаи хонагӣ канда накунад. Дар акси ҳол хонандагон бепарво гашта, дар хона машқҳоро иҷро намекунанд.

Шакли дигари супориши вазифаи хонагӣ аз ёд кардани маънои луғавии калимаҳо, дар хона мувофиқи реҷаи тартибдодашуда хондани асарҳои бадеӣ ва риояи омӯхтани имлои дурусти калимаҳо мебошад.

Агар омӯзгори забони модарӣ дар аввали соли хониш дар гӯшаи махсуси кабинети фаннӣ рӯйхати асарҳои бадеии тавсиявиро навишта овехта бошад, хонандагон онро фаромӯш намекунанд ва метавонанд дар иҷрои машқҳои хонагӣ аз ҷумлаҳои асарҳои бадеии худашон хонда, ҷумлаҳо нависанд ва фаҳмонанд. Инчунин, омӯзгорро лозим аст, ки ба ин восита дар дили хонанда завқи китобхониро бедор намояд, аз корномаи қаҳрамони асар баҳс ташкил намуда, ҷумлаҳоро таҳлил намоянд.

Дар иҷрои супориши хонагӣ омӯзгор метавонад ба хонанда тариқи саволномаҳо ё иҷрои тестҳо низ супориш диҳад. Ин ҳам ба салоҳдиди омӯзгор ва ҳам талаби мавзӯи дарси амалӣ карда мешавад.

 

Бозоргул Дӯстмадова,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш