Нашрияи Омӯзгор

Хониши ифоданок дар синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 57        Шарҳ: 0

 

Таълим на танҳо инкишофи тафаккури шахсиятро таъмин мекунад, балки ба ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи хонандагон, ба инкишофи хусусиятҳои ҷисмонии онҳо таъсир мерасонад. Хониш раванди фикрӣ буда, барои мустақилона хондан ва дарк кардани мавзӯъ ёрӣ мерасонад.

Ин раванд аз ибтидои таҳсил чун  асоси таълим шинохта шудааст. Хониши бошуурона мақсади асосии хондан мебошад. Дар аксари сарчашмаҳои таълимӣ - методӣ хониши бошуурона чунин таъриф дода мешавад: Хониши бошуурона ҷараёни гирифтан ва сохтани маънӣ тавассути хондани нутқ мебошад. Дониши дар ҷараёни таълим ба даст овардаи хонандагон барои ташаккули эътиқоди онҳо ҳамчун таҳкурсӣ хизмат менамояд. Таълим, асосан, дар байни ҳамагон сурат мегирад, хонандагон малакаи ба таври ҳамагонӣ зиндагӣ ва меҳнат карданро меомӯзанд.

  Нақши асосӣ ва ҳалкунанда дар тарбияи хонандагон  ба муаллим тааллуқ дорад. Мазмун ва методи ҳар як дарсро ӯ муайян мекунад. Ҳамчунин, ӯ хонандагонро бо ахлоқ ва симои маънавии худ тарбия менамояд. Раванди хониш барои мустақилона хондан ва дарк кардани матн ёрӣ мерасонад. Ин раванд чун маҳаки асосии таълим шинохта шудааст ва аз рӯи принсипи аз осон ба мушкил гузаштан сурат мегирад. Хониши бошуурона мақсади асосии хондан мебошад. Яке аз воситаҳои хубе, ки хонандагон ҳангоми машғулият истифода мебаранд, дар як дақиқа чанд калимаро дуруст хондан аст. Одатан ба хонанда матни ношинос дода мешавад ва ӯ низ матнро дар вақти муайян бо овози баланд мехонад. Сипас миқдори калимаҳои хондашударо бо дақиқа ва сонияҳо ҷудо мекунем. Усули дигар, ин шумораи муайяни калимаҳо ва санҷидани вақтест, ки барои хондани онҳо сарф мешавад. Хониши равон ва бурро  қобилияти дуруст ва босуръат хондани матн аст. Хонандагоне, ки равон ва бурро мехонанд, калимаҳоро ба зудӣ гурӯҳбандӣ карда, маънии матни хондаашонро дарк мекунанд. Хонандагоне, ки қобилияти хониши равон ва ифоданок доранд, бо овози баланд, бемамоният ва ифоданок мехонанд.

Хонандагоне, ки қобилияти хониши равон ва бурро надоранд, оҳиста ва  калима ба калима мехонанд.

Сафарбегим ДАВЛАТШОЕВА,

омӯзгори  мактаби  №29,

ноҳияи Шоҳмансур              


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш