Нашрияи Омӯзгор

Дар роҳи омӯзиши илмҳои бунёдӣ

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 58        Шарҳ: 0

 

Эълон гардидани солҳои 2020-2040 - Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ  ва риёзӣ  дар соҳаи илму маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон моро водор менамояд, ки дар  20 соли оянда баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва рушди тафаккури техникии хонандагон корҳои назаррасро ба анҷом расонем.

Ҳадафи чоруми  Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати мамлакат аст, ки  ба рушд ва омӯзиши бавусъати фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ, дақиқ  иртиботи қавӣ дорад. Аз ин рӯ, мо, аҳли маориф ва илм, бояд таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ бо усулҳои нави тадрис ба роҳ монда, наврасону ҷавононро  тарзе ба воя расонем, ки онҳо фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқро ба хубӣ фаро бигиранд. Барои дониши хонандагонро аз фанҳои мазкур баланд бардоштан, омӯзгор нақши муҳиму ҳалкунанда дорад, ки дар ин замина тавассути курсу семинарҳо малакаву маҳорати омӯзгоронро вусъат бахшем, то тавонанд дар дарсҳояшон аз васоити техникӣ самаранок истифода намоянд. Дар замони муосир бе  истифодаи технологияи компютерӣ савияи дониши шогирдонро баланд бардоштан имконнопазир аст.  Бояд гуфт, соатҳое, ки дар муассисаҳои таълимӣ барои омӯзиши фанни технологияи компютерӣ ҷудо шудааст, барои омӯхтани васеи ин фан кофӣ нестанд. Дар ин бобат ҳамкорӣ бо волидон имкон фароҳам меорад, ки хонандагон дар хона низ бо истифода аз компютер барои пурра азхуд кардани фанҳо саъю талош варзанд.

Мустаҳкам  намудани кабинетҳои фанҳои математика, физика, биология, химия, география, технологияи иттилоотӣ  дар муассисаҳои таълимӣ омили баланд гардидани сифати таълим мегардад.     

Шуъбаи маорифи шаҳри  Ҳисор дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ,  дақиқ  ва риёзӣ  дар соҳаи илму маориф нақшаи  чорабиниҳо  (иборат  аз  42 банд)  таҳия намуда, онро давра ба давра амалӣ мегардонад. Дар ин самт таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибмаълумот, ҷиҳозонидани кабинету озмоишгоҳҳои фаннӣ бо васоити таълимӣ, ташкили маҳфилҳои “Математикони  ҷавон”, “Физикони  ҷавон”, “ Химикони ҷавон”, баргузор намудани  озмуни  “Омӯзгори беҳтарини сол”, ҷалби хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ, ташкили мактабҳои таҷрибаи пешқадами фанҳои дақиқ ва таҳияи маводи методӣ равона шудааст.  Фаъолияти Маркази рушд  ва истеъдодҳои  назди шуъбаҳои маориф низ  дар амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур мувофиқи мақсад аст.   Вобаста ба ин, шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор тасмим  гирифт, ки  кабинетҳои фанниро  тибқи талабот муҷаҳҳаз намояд. Инчунин,  бо мақсади гирифтани  машғулиятҳои иловагӣ барои хонандагони муассисаҳои   таълимии аз маркзи шаҳр   дур гурӯҳҳои алоҳида созмон дода, шароити мусоидро барои  гузаронидани  маҳфилҳо аз фанҳои математика, физика ва химия фароҳам биоварад.  Ин усули кор имкон медиҳад, ки хонандагони бештарро ба омӯзиши фарогири фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ  ҷалб намоем.

Наргис Муқимзода,

мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш