Нашрияи Омӯзгор

Таркиби сафедаҳо

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 55        Шарҳ: 0

 

Сафедаҳо пайвастагиҳои калон-молекуллавӣ ё ки биополимерҳои табиӣ буда, таркиби асосии организмро ташкил мекунанд. Онҳо тамоми ҷараёни физиологии дар органзими зинда рӯйдиҳанда мавқеи калон доранд.

Мубодилаи моддаҳо, ҷараёни расиш, рушду тараққиёт, эҳсосот, кори ғадудҳо ва ғайра ба сафедаҳо вобастагӣ доранд. Бе сафеда ҳаётро тасаввур карда намешавад. Аз сафедаҳо ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои инсон таркиб меёбанд ва дар пайдошавии гармон ҳам ферментҳо сафедаҳо иштирок мекунанд. Тақрибан 12%-и энергияи ба организм зарурбуда аз ҳисоби сафедаҳо амалӣ мегардад. Одами калонсол дар як шабонарӯзи 150 грамм сафедаро азхуд мекунад. Таркиби элементарии сафеда чунин аст: карбон, оксиген, сулфур, гидроген, нитроген, фосфор. Вазни молекулавии сафедаҳо хеле бузург аст ва аз ҳамин сабаб онҳоро биополимерҳо мегӯянд. Масалан, вазни молекулавии албумини тухм ба 44000, гемоглобини хуни инсон ба 6800 ва вазни молекулавии сафедаи вирусҳои филтршаванда ба 10600 0000 баробар мебошад. Қисми асосии таркиби сафедаҳоро аминокислотаҳо ташкил менамоянд. Аминокислотаҳо дар таркиби худашон карбоксил (-СООН) ва амин (-NH2) доранд, ки ин ба сафедаҳо хосияти амфотерӣ медиҳад.

Ҳангоми паси ҳам гидролизшавии сафедаҳо пептонҳо, полипептидҳо, пептидҳои одӣ ва трипептидҳо, аминокислотаҳо ба вуҷуд меоянд. Пептонҳо моддаҳои калонмолекула буда, хосиятҳояшон ба сафедаҳо монанд мебошанд. Ба онҳо реаксияи биуретӣ хосанд. Полипептидҳо ҳам моддаи калонмолекула буда, ба пептонҳо наздиканд, вале структураи онҳо наонқадар мураккаб аст. Пептидҳои одӣ моддаҳои хурдмолекула буда, бо хосиятҳояшон андак ба сафедаҳо ва бисёртар ба аминокислотаҳо монанданд. Дипептидҳо - реаксияи биуретӣ ба онҳо хос нестанд. Аминокислотаҳо моддаи беранги кристалӣ буда, дар об нағз ҳал мешаванд, маҳсули охирини гидролезии сафедаҳоянд. Аминокислотаҳое, ки ба таркиби сафедаҳо дохил мешаванд, вобаста ба сохташон z-аминокислотаҳо мебошанд. Онҳо дар навбати худ ба аминокислотаҳои асикликӣ ва сикликӣ ҷудо мешаванд. Бояд таъкид намуд, ки бе сафедаҳо ҳаёт мавҷуд буда наметавонад. Дар мактабҳо омӯзгорони химия бояд шавқи беандозаи шогирдони худро нисбат ба ин сафедаҳо ва структураи онҳо ҷалб намуда, баҳри рушду тараққиёти фанни химия замина гузоранд. Барои сохтани ояндаи мутараққӣ имрӯз рушди илми химия зарур аст.

 

Моҳира НАЗАРОВА,

омӯзгори химия


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш