Нашрияи Омӯзгор

Навовару ҷӯянда

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 41        Шарҳ: 0

 

Сафаралӣ Фозилов устоди забони англисӣ аст. Дар мактаби №13 –и Ҷамоати деҳоти Нуралишо Назари ноҳияи Муъминобод ифои вазифа мекунад. Омӯзгорест навовару ҷӯянда.

15 сол боз ҷодапаймои арсаи таълиму тарбия мебошад. Ӯ на танҳо омӯзгор аст, инчунин, роҳбарии бахши ноҳиявии кумитаи сайёҳиро ба уҳда дорад. Муъминобод як гӯшаи таърихию зебоманзари кишварамон аст. Сафаралӣ ба забони англисӣ озод ҳарф мезанад. Ба сайёҳон таърихи кишвару маҳал ва манзараҳои нотакрори ҷумҳуриро муаррифӣ мекунад. 

Сафаралӣ тавассути барномаҳои Донишгоҳҳои халқии Олмон ба тавсиаи донишу маҳорат, такмили малакаи педагогиаш низ  банд аст.  Ба фарзандони мардум дарс гуфтан, ҳамнафаси халқи маҳал будан, дар корҳои ҷамъиятӣ ширкат варзидан, ҳамзамон, тозаҷӯӣ, навоварӣ, ҷаҳду омӯзиш мароми ӯ мебошанд…

 

Шехмирзо Раҷабӣ,

 омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш