Нашрияи Омӯзгор

Ёде аз падари ҳунармандам

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 48        Шарҳ: 0

 

Хурд  будам. Падарам  маро гоҳо ҳамроҳи худ  ба ҷойи кораш мебурд. Ӯ барои мардуми маҳалла хона бунёд мекард. Падарам хеле оҳиста, вале  бодиққат кор  мекард. Ӯ аввал аз як асбоби дарозрӯя, ки  як кунҷаш бо шиша пӯшонида  шуда, дар дохилаш  маҳлуле буд, тарҳи хонаро рост мекард. Номи  ин асбобро «шайтон»  ном мебурд. Қариб ҳамаи асбобҳо қадимӣ буданд. Вақте ки падарам пойдевори хонаро рост мекард ва чӯбҳои онро  мебардошт, аз  болои чӯб баромада, бо як асбоби дигар, ки  «шоқул» ном дошт, ростии чӯбҳои ба ҳамдигар пайваст кардаашро месанҷид. Барои  қӯш кардани чӯбҳо аз ширеши махсус (елим) истифода мекард. Елимро худаш тайёр мекард.Баъди рост кардани сутунҳои хона  ва   пайвастани чӯбҳо навбати бо лою кулӯх пур кардани дохили он  сар мешуд. Ин кор ба тариқи ҳашар сурат мегирифт. Аҳли маҳалла ва хешовандони соҳиби хона рӯзи истироҳат ба ҳашар омада, барвақт корро сар мекарданд. Зери ягон мусиқӣ бо якдигар суҳбат намуда,  хона месохтанд. Падарам бошад, аз болои кори онҳо назорат мекард. ҷиҳати мусбати ҳашар ин буд, ки дар як рӯз кори зиёд ба анҷом расонида мешуд.

То хушк шудани девор падарам ба тайёр кардани болори хона сар мекард. Ӯ чӯбу тахтаҳоро мувофиқи ҳаҷмашон ҷудо мекард. Аз тахтаҳо ҳар гуна шаклҳо меофарид. Барои ин аз хаткашак ва қалами сиёҳ истифода мебурд. Ҳар як хатро бо сантиметру миллиметр чен карда  мекашид. Дохили нақшаро бо искана тоза мекард. Яъне, ӯ аз тахта барои ороиши болори хона дандонаву қошуқча тайёр мекард. Бисёр вақт ин ороишотро ду ё се қатор, баъзан мувофиқи хоҳиши соҳибхона то ҳафт қатор месохт. Ҳамаи ин қошуқчаву дандонаҳо аз тарафи падарам ранг дода мешуданд ва муддати ду - се моҳ ин кор тӯл мекашид. Падарам аз асбобҳои теша, пойтеша, аррача, арраи калон, ранда, парма ва ғайра истифода мебурд. Баъди болои ҳам чидани ороишоти тайёркардааш, ӯ вассаи  хонаро тайёр мекард. Вассаҳоро болои чӯб мечид. Хона қариб тайёр мешуд. Кори падарам бо зебоӣ ва нозукии ба худ хос  диққати ҳар як шахсро ба худ ҷалб мекард. Ман аз тамошои ҳунари кандакории падарам сер намешудам ва дар дилам орзуи устои хонасоз шудан  пайдо мешуд. Устогӣ кори вазнин ва мардона ҳисоб меёфт. Бо гузашти солҳо ман калон шудам, падарам аз олам рафт. Гоҳҳо он биноҳоеро, ки солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда буданд, пеши назар меорам, он биноҳо ҳоло ҳам пурқуввату мустаҳкаманнд. Шукр мекунам, ки  нақши эъҷози дастони падари ҳунармандам ҳоло ҳам боқӣ мондаанд.

 

Ҳабиба

Шарофиддинова,

корманди ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш