Нашрияи Омӯзгор

Ҳумоюнтабору донишвар

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 52        Шарҳ: 0

 

Ӯро хосу ом «муаллими Бобоаҳмад» ном мебаранд. Хоксор асту шогирдонашро эҳтиром мекунад.

Ёд дорам, ӯ бо шогирдон маҳфил меорост, сухангӯӣ мекард, лутф менамуд ва ҳамроҳашон сари дастархон менишаст. Гоҳо мешуд, ки ба хонааш шогирдонро таклиф карда, базми шеър меорост. Меҳри мо, шогирдон, ба ӯ меафзуд ва ҳамнишинияшро ҳамеша мехос-тему пазмон мешудем. Сабабе ҷуста ба дидорбинияш мерафтем. Хурсанд мешуд ва ба улфатии мо оилаю фарзандонаш низ одат карда буданд. Ба мо дар бораи ростӣ мегуфту онро талқин мекард.

Ӯ омӯзгори фанни физика бошад ҳам, дарсҳояш алоқаманд бо дарсҳои дигар мегузарад.

Адабиётро дӯст медорад ва ба маврид аз шоирони классику муосир барои тақвияти фикр байт мехонд ва тафсир мекард.

Роҳи зиндагияш тӯлонист ва шоиста. Зодгоҳаш Ворух, маълумоти миёнаро дар деҳ, маълумоти олиро дар Душанбе гирифтааст. Омӯзгори физикаю математика аст. Фаъолияташ ба ҳайси омӯзгор дар яке аз мактабҳои Душанбе оғоз гардида, пас дар рустои Чоркӯҳ идома ёфтааст. Солҳои 1971-1973 дар хидмати Ватан-Модар буд. Минбаъд то синни нафақа дар дабистони овозадори рақами 23-и зодгоҳаш ба шогирдон сабақ додаст. Замоне муҳаррири радиои маҳаллии «Садои Ворух» буд. Дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, чанд сол раиси маҳалла ҳам буд. Ҳоло раиси собиқадорони Ворух мебошад. Аммо барояш хуш аст, ки ӯро омӯзгор ва устод ном мебаранд.

Дар суҳбат бо мо гуфт: «Ман аз хурдӣ орзу доштам, ки омӯзгор шавам. Вақте ба мактаб ба кор омадам, дидам, ки ин касб чӣ гуна касби пурифтихор будааст. Бачаҳо муҳаббаташонро ба омӯзгор тақдим мекунанд, волидайни онҳо заҳмататро медонанд ва қадр мекунанд. Шояд ягон касби дигар дар дунё ба касби омӯзгорӣ ҳамрадиф шуда натавонад. Зеро рисолати ӯ тарбияи инсон аст, инсоне, ки ба ҷомеа суд меоварад, барои пешрафти зиндагӣ саҳм мегузорад ва ҳаётро рангину зебо мегардонад. Ман ифтихор мекунам, ки шогирдонам дар зиндагӣ мавқеашонро пайдо кардаанду дар вазифаҳои гуногун кор мекунанд ва барои ободию зебоии диёри азиз нақш мегузоранд. Барои ман ҳамин бас аст».

Шогирдонаш меваи дарахти борвари ӯянд: ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ, пизишк, омӯзгор… Ҳар яке номи устодро бо эҳтиром ба забон меоранд, дидорбинӣ мераванд ва ҳанӯз ба суҳбату маслиҳатҳояш ниёз доранд.

Садоқаташонро борҳо гуфта ва навиштаанд. Адабиётшиноси тоҷик, шодравон Абдувалӣ Давронов ӯро «яке аз фарҳангиёни муътабари деҳа», шоир Нарзулло Азизиён «шахсияти некбин», нависанда Ховари Пӯлод «чароғафрӯз» ва китобдор Ҳоҷӣ Ҳоҷибоев «дардошнои мардум» номида, ҳамном бо ин таркибҳо заҳматҳояшро дар нашрияҳои давр ба риштаи тасвир кашидаанд.

Ӯ боғбони баҳавсалаю гулдаст ҳам ҳаст. Боғе дар доманакӯҳ дорад, ки онро дар фасли шубоб бунёд кардааст. Ба хотирам меояд, ки боре дар як дарси тарбиявӣ гуфта буд:

- Бачаҳо, медонед, кадом вақт инсон комил мешавад?

Ва худ посух гуфт:

- Агар фарзандеро ба камол расонад, агар хонае созад ва агар дарахте сабз кунад.

Боре моро ба тамошои боғ таклиф намуд. Мо, шогирдон, аз тамошои он сер нашудем. Аввалин чизе, ки диққати моро ба худ кашид, байте буд, ки дар пештоқи айвон рассоми хушхате бо рангҳои заррин навиштааст:

Ҳар кӣ кард обод як саҳрои но

ободро,

Ҳар ниҳол аз ҳиммати ӯ

ёдгоре мешавад.

Бале, «аз некон боғ» мегӯянд. Ин масал маънои фарохтаре дорад. Устоди азизе, ки васфашро мекунам, ҳоло давлати пирӣ меронад, аз зиндагию замон розист, шукри осудагии Тоҷикистонро дорад. Аммо дилаш ҳанӯз ҷавон аст, ба маҷлису маҳфилҳо ҳусни дигар мебахшад...

Ӯ Бобоаҳмади Аҳмадзод, устоди гиромиқадри мост.

 

Маҳмудҷон НИЁЗӢ,

директори Хонаи фарҳанги деҳаи Ворух,

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш