Нашрияи Омӯзгор

Номи нек монда аз ӯ

Сана: 2020-07-23        Дида шуд: 49        Шарҳ: 0

 

Гӯё дирӯзакак буд, ки муаллими заҳматкашу пажӯҳишгари варзида, шодравон Сайфулло Маҳкамов бо чеҳраи шукуфону чашмони нурбор дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, баъд аз ҳимояи муваффақонаи рисолаи доктории худ намедонист дар ҳалқаи ёру дӯстон шодии дили худро чӣ тавр баён кунад.

Воқеан, рӯзи фаромӯш-нашавандае буд. Рисолаи пурмуҳтаво ва аз ҷиҳати назариявию илмӣ судманди устод таҳти унвони «Хусусиятҳои услубӣ ва бадеии маснавиҳои ошиқонаи достонии форсии тоҷик дар асри XV» бо андешаҳои ҷолиб ва консепсияву ғояи баланди илмии худ зуд диққати муҳаққиқону донишмандон ва алоқамандони адабиёти классикии форсу тоҷикро ба худ ҷалб намуд. Пажӯҳишгари ҷӯянда ҳанӯз соли 1990 дар мавзӯи «Консепсияи шахсияти занон дар достонҳои ҳамноми «Лайлӣ ва Маҷнун» (асрҳои XVI-XIX) рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, табодули афкору мулоҳизаҳои муассиру судмандро дар миёни аҳли адаб ба вуҷуд оварда буд. Сайфулло Маҳкамов минбаъд ба навиштани рисолаю асарҳои пурмуҳтавои илмию методӣ машғул гардида, дар солҳои 1993-2006 5 монографияи илмӣ таълиф намуд. Шодравон ҳаёту фаъолияти илмии худро бе мактабу омӯзгорон тасаввур карда наметавонист. Робитааш бо ҳайати устодону омӯзгорони таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ зич буд ва ӯ дар масъалаи методикаи таълими забони давлатӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Дар маҷмӯъ, С.Маҳкамов муаллифи 59 дастури методӣ, 8 китоби дарсии «Забони давлатӣ» (барои синфҳои 2-7, 10-11) ва 6 барномаи таълимӣ аз фанни мазкур буда, дар солҳои гуногун беш аз 700 мақолаи илмию методӣ ва адабиву оммавӣ иншо намудааст. Ба қалами устоди зиндаёд 6 асари бадеӣ: аз ҷумла, «Тӯмори қарз», «Ситораи Тахор», «Патруи ман», «Дармонгоҳи Сабо», «Хонаи умед» ва «Шаҳри дилоро» тааллуқ дошта, ин асарҳо бо мазмуну муҳтавои шавқовару ибратомӯзи худ ба дили хонандагон роҳ ёфтаанд. Сайфулло Маҳкамов на танҳо адабиётшиносу муҳаққиқ, балки методисту мактабшиноси варзидаю пуртаҷриба буду 35 сол дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (то лаҳзаҳои охирини умр) сарбаландона фаъолият намуд.

Солҳои тӯлонӣ дас-тури С.Маҳкамов (бо ҳаммуаллифӣ) – «Маҷмӯаи диктант ва нақлҳои хаттӣ» ба омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик ҳамчун дастёри беминнат хизмат намудааст. Шодравон бо муомилаю муносибати неку хайрхоҳона, сухану каломи нарму латифи худ, хоксорию фурӯтанӣ ва дили поку дарёияш дар байни устодону кормандони ДҶТИБКСМ, шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ ва аҳли илму адаб маҳбубияти хоса дошт. Хотираи дурахшони устоди меҳнатқарин Сайфулло Маҳкамов дар қалби ҳамкорону шогирдон, ёру дӯстон ва хешону пайвандон доиман боқӣ хоҳад монд.

Наргис МАҲКАМОВА,

муовини директор оид ба

таълими мактаби №89-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш