Нашрияи Омӯзгор

Левакант: омодагӣ ба соли нави хониш

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Левакант бо иқдоми бахши маориф дар ҳамкорӣ бо ширкати кореягии ҶДММ «КОТА-ГЛОБАЛ» ярмарка-фурӯши либосҳои мактабӣ, варзишӣ, ниқобҳои бисёркаратаи тиббӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар ин ярмарка хонандагон аз тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр омада, ба худ либос интихоб намуда, бо нархи дастрас ва сифати баланд харидорӣ мекунанд.

 Раиси шаҳри Левакант Давлатзода Заррина ба директори генералии ширкати мазкур Ким Ҷунг Бок барои ҳамкорӣ бо бахши маориф ва ташкили чунин  ярмарка изҳори сипос намуда, дар масъалаи ҳамкориҳои оянда дар ин самт суҳбати хоса анҷом дод. Гуфта шуд, ки то оғози соли хониши 2020-2021 чунин ярмаркаҳои фурӯши сарулибоси мактабӣ ва варзиширо дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳр  низ ба роҳ хоҳанд монд.

Ёдовар бояд шуд, ки чунин ярмарка-фурӯши либоси мактабӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 низ баргузор гардид.

Дилором Каримова, директори  муассисаи томактабии №3-и шаҳр  изҳор дошт, ки бо ҷалби падару модар, мураббиёну кормандони техникии муассиса, мо корҳои рангуборкунӣ ва ободониро  шурӯъ намудем. Дар кӯтоҳтарин фурсат муассисаро аз таъмир бароварда, барои қабули кӯдакон омода мекунем.

Ба иттилои масъулини бахши маорифи шаҳри Левакант, дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ омода намудани синфхонаҳо ба соли нави хониш вусъат меёбад.

 

«Навқалами умедбахш»

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13-уми июл, дар толори фарҳанги шаҳри Левакант барои дарёфти хонандагони эҷодкор, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни вилоятии «Навқалами умедбахш» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр доир гардид.

Озмун аз номинатсияҳои «Шеъри беҳтарин», «Афсонаи беҳтарин» ва «Ҳикояи беҳтарин» иборат буда, довталабон аз ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзида, маҳорату истеъдоди хешро нишон доданд.

Миёни довталабон хонандаи синфи 11-и литсейи давлатии №2 Фаришта Бобоева дар номинатсияи «Шеъри беҳтарин» бо шеърҳои эҷодкардаи худ дар мавзӯъҳои меҳри модар, Ватан, ва Тоҷикистони соҳибистиқлол бартарӣ нишон дода, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт. Ёдовар мешавем, ки Озмуни вилоятии «Навқалами умедбахш» аз се давр иборат буда, даври мактабӣ ва шаҳрии он миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант баргузор гардида, ғолибон муайян ва ба даври вилоятӣ роҳхат хоҳанд гирифт.

 

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш