Нашрияи Омӯзгор

Бунёди  мактабҳо бо иқдоми соҳибкорон

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 75        Шарҳ: 0

 

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар қаламрави Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои хуштарҳи замонавии мактабҳо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бояд гуфт, ки дар замони Шӯравӣ дар ҷамоати мазкур ягон мактаби нав мавҷуд набуд.

Сокинони деҳаи Моинкаҷ, ки яке аз деҳаҳои калонтарину сернуфуси ҷамоат ба шумор меравад, солиёни зиёд дар орзуи мактаби нави замонавӣ буданд. Соли 2002 бо маблағгузории ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ва кумаку дастгирии аҳолии деҳа бинои нави таълимӣ барои хонандагони мактаби рақами 51 сохта шуд, ки барои таҳсили 250 нафар дар як баст пешбинӣ гардида буд. Бо гузашти 17 сол шумораи хонандагон афзуда,  ба 700 нафар расид. Норасоии ҷойи нишастро ба назар гирифта, сокинони деҳаи Моинкаҷ иқдом гирифтанд, ки дар бунёди бинои иловагии мактаб саҳм гузоранд. Сохтмони бинои дуқабата, ки аз 10 синфхона ва 3 дафтари корӣ иборат мебошад, ба тариқи ҳашар соли 2015 шурӯъ гардида, ба анҷом расонида шуд. Ҳамчунин, гирду атрофи мактаб ба дарозии 130 метр аз ҳисоби сокинони деҳа ба маблағи 50000 сомонӣ панҷара гирифта шуд. Ҳайати устодону омӯзгорон ва мардуми ҳимматбаланди деҳа тасмим гирифтаанд, ки толори варзишии муҷаҳҳаз бо васоити зарурии тамриниро низ бунёд намоянд. Бинои мактаби №47, ки дар деҳаи Нилкон воқеъ гардидааст, низ фарсудаву садамавӣ буд.

Бо иқдому дастгирӣ ва маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ корҳои сохтмонӣ дар муассисаи номбурда соли 2006 оғоз гардида, соли 2009 бинои аввали он, ки аз ду ошёна иборат аст, ба истифода дода шуд. Бинои дуюми таълимгоҳ соли 2012 сохтаву мавриди баҳрабардории мактабиён қарор гирифт. Айни ҳол дар мактаб 828 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 34 омӯзгор сабақ меомӯзанд. Мактаб дорои толори варзишию маҷлисгоҳ, кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ ва озмоишгоҳҳои химия, физика ва биология мебошад. Чунонки директори мактаб Махсатулло Сангов изҳор дошт, феълан сохтмони блоки сеюми толори варзишӣ ва 5 синфхонаи иловагӣ бо суръат идома дорад. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42, воқеъ дар деҳаи Мағмурӯд ҳанӯз соли 1956 сохта шуда буд. Бо ташаббусу дастгирии соҳибкорон ва сокинони деҳа соли 2010 бинои нави мактаб бунёд гардид, ки аз 10 синфхона иборат мебошад. Соли 2018 бо иқдоми раиси маҳалла Далер Ҳафизов ба тариқи ҳашар 4 синфхонаи иловагӣ бунёд карда шуд. Дар муассиса 347 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Маъмурияти таълимгоҳ ба нақша гирифтааст, ки бо кумаки аҳолии деҳа толори варзишии муҷаҳҳази замонавиро дар оянда бунёд менамояд. Мактаби рақами 110, ки дар деҳаи Хокиалӣ ҷойгир шудааст, аз куҳнатарин муассисаи таълимӣ дар Ҷамоати Роҳатӣ ба шумор меравад. Таълимгоҳ аз 14 синфхона иборат буда, соли ҷорӣ бо мадади мардуми деҳа дар назди мактаб  се синфхонаи иловагӣ бунёд карда шуд.

Соли 2016 бо дастгирию ибтикори соҳибкори дилсӯз Бобокалон Усмонов дар мактаб толори варзишии муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти варзишӣ бо маблағи 250000 сомонӣ сохтаву ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар таълимгоҳ боғи сарсабз бунёд кардаанд, ки 250 бех ниҳоли мевадиҳандаро фаро гирифтааст. Алҳол дар таълимгоҳ 620 нафар хонанда таҳсил мекунанд ва ҳайати устодону омӯзгорон умед доранд, ки ҳукумати ноҳия барои бунёди бинои нави таълимӣ ба онҳо кумак менамояд. Дар мактаби №43 сохтмони бинои нав, ки аз 10 синфхона  ва маҷлисгоҳ иборат мебошад, идома дорад. Дар мактаби №46, воқеъ дар деҳаи Меҳтарӣ, бо маблағгузории Фонди Саудии Рушд сохтмони бинои нави мактаб бо суръат идома доранд.  Бинои мактаб барои 240 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дуқабата ва дорои 12 синфхона мебошад. Мактаби нав тибқи лоиҳа бо системаи ягонаи гармидиҳӣ таъмин карда хоҳад шуд. Ба иттилои директори мактаби рақами 44 (ин муассиса дар деҳаи дурдасттарини ҷамоат – Дара воқеъ гардидааст), соли 2003 аз тарафи ҳукумати ноҳия мактаби нав барои фарзандони сокинони деҳа сохта шуд, ки дар он 150 нафар дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтааст, ки дар ҳамдастӣ бо мардум, ба тариқи ҳашар 4 синфхонаи иловагӣ  бунёд намоянд. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 соли 1938 сохта шуда, ба талабот ҷавоб намедод. Аз ин рӯ, соли 2005 бинои нави иборат аз 6 синфхона, соли 2015 3 синфхонаи иловагӣ ва соли 2017 7 синфхонаи дигар бунёд карда шуд, ки дар онҳо 324 хонанда таҳсил мекунанд. Филиали муассиса дар деҳаи Меҳтарии Боло (мактаби 167) ҷойгир мебошад, ки дар он хонандагони синфи 1-3 ҳамчун гурӯҳҳои камнуфус таълим дода мешаванд. Омӯзгорон ва сокинони деҳа ният доранд, ки солҳои минбаъда дар бунёди толори варзишию маҷлисгоҳ саҳми босазо мегузоранд. Мактабҳои калонтарини ҷамоат муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 45 ва 41 ба шумор мераванд. Дар мактаби №45 2 синфхонаи иловагӣ ва 41 6 синфхонаи иловагӣ  сохта шудааст. Мактабҳои мазкур солҳои 1986 – 1987 бунёд гардида, дуошёна ва дорои толори варзишгоҳу маҷлисгоҳ мебошанд. Ҳар ду муассиса ба таъмири фарогир (капиталӣ) ниёз доранд. Дар мактаби №45 1217 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 52 омӯзгор сабақ меомӯзонанд. Шумораи хонандагони мактаби №41 ба 2310 нафар расидааст. Соли 2014 сокинони деҳаи Чорсадаи Ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод ба деҳаҳои Моинкаҷу Теппаи Самарқандӣ муҳоҷир карда шуданд. Барои фарзандони муҳоҷирон дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ бинои мактаби №179 бо маблағгузории Дирексияи минтақаи зериобшавандаи Роғун  сохта шуд, ки дар он 640 нафар хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд. Дар деҳаи Моинкаҷ соли 2015 барои фарзандони муҳоҷирони Нуробод бинои хушсохти дуошёна бунёд гардид, ки барои 360 хонанда дар 2 баст пешбинӣ гардидааст. Дар мактаби №49, воқеъ дар деҳаи Оқчакман, соли 2015 бинои нави мактаб иборат аз 10 синфхона сохта шуда, роҳбарияти таълимгоҳ мақсад дорад, ки толори варзишию маҷлисгоҳро якҷо бо сокинони деҳа бунёд намоянд.

Дар деҳаи навбунёди Теппаи Самарқандӣ-3 бинои мактаби нав иборат аз 10 синфхона сохта шуда истодааст, ки сохтмони 5 синфхонаи он дар арафаи анҷомёбист.

Ба иттилои сармутахассиси раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Умаралӣ Раҳимов, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Гулистон низ тайи солҳои охир биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохтаву  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, соли равон дар мактаби №166 4 синфхонаи иловагӣ ва толори маҷлис, дар муассисаи таҳсилоти асосии  рақами 107, воқеъ дар деҳаи Муғулон, бинои дуошёнаи таълимӣ иборат аз 6 синфхона, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №109-и деҳаи Сабзикор бинои иловагӣ дорои 4 синфхона сохта ба истифода дода шуданд. Дар ҷамоати мазкур соли 2018 бинои хуштарҳи замонавии мактаби рақами 35 барои 640 нафар бо  дастгирию иқдоми соҳибкор Абдухалил Ғуломов бунёд гардид, ки дар расми ифтитоҳи он Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Дар умум, тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 –солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ то ин дам 26 иншооти соҳаи маориф (кӯдакистону таълимгоҳҳо) сохта ба истифода дода шуда, дар 22  иншооти соҳа  корҳои сохтмонӣ бо суръат идома дорад.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш