Нашрияи Омӯзгор

Дар роҳи иҷрои барномаҳои давлатӣ

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 42        Шарҳ: 0

 

- Баҳри иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф масъулини шуъбаи маориф аз имкониятҳои мавҷуда ба таври даркорӣ истифода мекунанд, - гуфт Қурбонбӣ Забирзода - мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар. Мавсуф илова кард, ки иҷрои Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2018 - 2022» дар шаҳри Бохтар дар шаш моҳи соли равон 41 фоизро ташкил намуд.

Ҷиҳати амалӣ гардидани «Барномаи давлатии муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020» дар шаҳри Бохтар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои хароҷотии муассисаҳои таълимӣ ду синфхонаи лингофонӣ дар муассисаи таълимии №6, ду кабинети химия дар муассисаи таълимии №15 ва литсейи Ориёно, ду синфхонаи касбу ҳунари духтарона ва писарона дар муассисаҳои таълимии №6,8, як кабинети технологияи иттилоотӣ дар муассисаи таълимии №9, як кабинети физика дар муассисаи таълимии №12, як кабинети биология ва як кабинети математика, як кабинети физика дар муассисаи таълимии №11 ташкил ва ба истифода дода шудааст.

 

С.АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш