Нашрияи Омӯзгор

Об фариштаи ҳаётбахши инсон аст

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 60        Шарҳ: 0

 

Мо, омӯзгорон, қариб ҳамарӯза дар рафти дарс оид ба об ба шогирдон маълумот медиҳем. Мавзӯи як дарси табиатшиносӣ дар синфи 3-юм “Гардиши об дар табиат”буд.

Бо хонандагон хусусиятҳои як қатор унсурҳои зинда ва ғайризиндаи табиати муҳити атрофро муқоиса ва таҳлил намудем. Доир ба нақши об дар табиат ва мавҷудоти зинда саволу ҷавоб ба вуқӯъ пайваст.

Хонандагон ҷавобҳои гуногун доданд:

“Об манбаи ҳаёт аст”, “Бе об ҳаёт нест”, “Об ободии кишвару диёр аст”, “Об захираи бузурги замин мебошад”. Яке аз хонандагон гуфт: “Об фариштаи ҳаётбахши инсон аст. ” Дар атрофи ин ҷумла баҳс намудем. Фариштаи ҳаёт - яъне об ба мо- инсонҳо ҳаёт бахшидааст. Бе об ҳаёт нест. Об ҳасту ҳаёт пойдор аст. . .

Баъд мавзӯи навро сар кардем. Дар бораи аҳамияти об ва гардиши он дар табиат маълумоти мухтасар ироа шуд. Ба ғайр аз баҳру уқёнус, дарёву кӯлҳо об дар қабатҳои зеризаминӣ низ мавҷуд аст. Дар қисми зиёди ҷисми инсон ҳам об ҳаст ва ба воситаи об аз организми одам моддаҳои зарарнок хориҷ мешаванд. Тамоми мавҷудоти зинда ба об эҳтиёҷманданд. Об, дар ҳақиқат, фариштаи ҳаётбахши инсон аст. Дар табиат об доимо дар гардиш мебошад. Дар зери таъсири нури Офтоб қисми муайяни об аз баҳру уқёнусҳо ва сатҳи замин мерезад.

Пас, қисми зиёди оби бухоршуда баргашта, боз ба баҳру уқёнусҳо мерезад, ки онро гардиши хурди об мегӯянд. Дар ин асно аз расми “Гардиши об дар табиат”истифода бурда, ба хонандагон савол медиҳам:

- Чиро дар расм дида истодаед?

- Пайдоиши абрҳо, барф, борон, бухоршавӣ, уқёнус, дарё ва обҳои зеризаминӣ. Тирчаи ба боло ҳаракаткунанда чиро ифода мекунад?

- Пайдоиши абр.

- Аз қуллаи кӯҳ чӣ ҷорӣ карда шуда истодааст?

- Дарё.

- Оби ҷоришуда ба куҷо мерезад?

- Ба баҳру уқёнус.

Хонандагон аз рӯйи расм бо ҷараёни баамалоии ҳодисаи гардиши об дар табиат шинос мешаванд. Баъди лаҳзаи дамгирӣ, ба муҳокимаи масъалаҳои асосии мавзӯъ тариқи саволу ҷавоб бо хонандагон мегузарем.

- Гардиши калони об дар табиат гуфта, чиро мефаҳмед?

- Об аз баҳру уқёнусҳо бухор шуда, ба болои хушкӣ мерезад ва баъди тай намудани масофаи дуру дароз, боз ба баҳру уқёнус ҳамроҳ мешавад, ки инро гардиши калони об меноманд.

- Кадом қувваҳо обро дар табиат ба гардиш медароранд?

- Таъсири нури офтоб, бухоршавии об, борон, барф, жола, пиряхҳо, обҳои зеризаминӣ.

Хонандагонро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунем. Онҳо ба гурӯҳҳои худ ном гузошта, сардори гурӯҳро интихоб мекунанд.

Супориш: Дар бораи аҳамияти гардиши об дар табиат хаттӣ маълумот диҳед. Гурӯҳи 1 “Офтоб” ном дорад. Аксари хонандагон дар гурӯҳ фаъолияти хуб нишон доданд. Гурӯҳҳои дигар: “Жола”, “Ваҳдат”, “Борон”, “Абр”, “Об” низ андешаю ақидаҳои худро ироа намуданд. Вале гурӯҳи “Офтоб” бо истифода аз расмҳо, шеърҳо дар васфи офтоб ғолибият ба даст оварданд. Дар заминаи сабқати гурӯҳҳо дар бораи об ва гардиши он дар табиат маълумоти фаровон иброз дошта шуд.

Баъди ҷамъбасти дарс дониши хонандагонро қадр намуда, дараҷаи ноилшавӣ ба мақсадҳоро муҳокима менамоем:

Чиро фаҳмидед ва чӣ мушкилӣ доштед?

Дар бораи хосиятҳои об маълумот дода метавонед?

Ба кадом муваффақиятҳо ноил гаштед?

Супориш: Иҷрои тестҳо.

1) Захираҳои обии Заминро ёбед?

А) Баҳр, уқёнус, дарё, кӯл, барф, пирях, ботлоқ.

Б) Гардиш, бухор, табиат, моддаҳо, ҷинсҳои кӯҳӣ.

В) Рустаниҳо, офтоб, соҳил, гармӣ, харсангҳо.

 2) Чаро “ Бе об ҳаёт нест” мегӯянд?

 А) Об манбаи ҳаёт аст.

 Б) Об аз абр пайдо мешавад.

 В) Об аз қишри замин

Хонандагон дар гурӯҳҳо якҷоя ҷавоби дурусти тестҳоро меёбанд. Кори гурӯҳҳоро арзёбӣ мекунем. Дар охир дар бораи бо кадом мақсад сохтани НБО-и Роғун мухтасар маълумот дода шуд.

Ғарибмо СОҲИБНАЗАРОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №16-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш