Нашрияи Омӯзгор

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 49        Шарҳ: 0

 

Чароғи карасинӣ дар болои мизи кориаш фурӯзон. Барқ хеле барвақт хомӯш шуда буд. Сараш болои дафтарҳои рангпаридаи фарсуда хамида. Иншои шогирдонашро тафтиш мекард.

Гоҳе боғазаб ручкаи рангаш сурхро сахт болои коғази дафтар фишурда, зери калимаи нофаҳмо хати мавҷнок мекашид, гоҳи дигар хеле хушнуд, рӯҳаш болида, ҳатто табассум ҳам мекард. Шояд ӯ маҳсули меҳнати бобаракат ва садоқатмандонаи худро ин ҷо медид. Тасвирҳои шоирона, истифодаи санъатҳои бадеӣ, дуруст дарк кардани моҳияти мавзӯъ ва мақсад гузоштани шогирдаш дар таҳияи иншо ӯро хеле рӯҳбаланд мекард, муҳаббаташро ба пешаи омӯзгорӣ боз меафзуд. Ӯ хеле дақиқ ба ҳарфу ҳиҷои ҳар як хонанда назар мекард. Ин иншои озоди шогирдонаш буд. Ин ҳамон хонандагоне буданд, ки нахуст, пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон малакаву маҳорати кории худро дар ин синф оғоз кард. Роҳбарии гурӯҳ, гузаронидани машғулият аз фанни забон ва адабиёти тоҷик  ба уҳдаи ин омӯзгори ҷавон вогузор гардида буданд. Ин буд, ки на танҳо ба раванди дарсу интизом, балки ба эҷодкориву табъи офарандагии шогирдон низ таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Масъулияти касбӣ ӯро водор месохт пеши чароғи карасинии шишаҳояш дудхӯрда нишинад, то аз ин тирагии чароғ фардои равшани шогирдонашро кашф кунад.

Субҳи баҳор. Шохаи маҷнунбеди назди бинои мактаб баргҳои сӯзании нав аз ғунча лабвокардаашро чун ҳамели кокули дӯшизагон меҷунбонд. Мо дар синфхонаи забон ва адабиёти тоҷик дар ошёнаи дувуми бинои мактаб ба саҳни ҳавлӣ назар медӯзем. Мӯи сари сиёҳи як тараф шоназада, хилъати  хокистарранги баҳории то зону дароз дар тан, дафтарҳои иншои хонандагон зери бағал аз дарвоза ворид мешавад.

Лаҳзае пас Фурқат Ҳусейнов ба синф ворид гардид. Ҳама аз ҷой бархостанд.

- Салом, бачаҳо.

Ӯ китобу дафтарҳои худро ба рӯи мизи кориаш гузошта,  дафтари қайди хонандагонро гирифта, мавзӯи навро дарҷ кард, сипас онро дар тахтаи синф навишт. Мавзӯи нав «Ақидаҳои панду ахлоқӣ дар эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» буд.

- Канӣ, бачаҳо, кӣ аз шоир Рӯдакӣ як порчаи панду ахлоқӣ мегӯяд? – гӯён ба аҳли синф дида дӯхт.

- Ман, - гӯён нахустин шуда Субҳиддин Зиёев (имрӯз номзади илмҳои суханшиносист) даст бардошт.

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми

хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ

нигарӣ.

Ҳамчун дарёст в-аз накукорӣ

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

-Офарин! Боз кӣ?

Дигарон низ як-як даст бардошта, аз ашъори шоир порчаҳои назмиро қироат мекарданд. Ҳарчанд қариб 16 нафар хонанда ҳама порчаҳои гуногуни назмиро қироат карданд, аммо устод ҳеҷ қаноатманд намешуд. 

Ӯ аз эҷодиёти шоир порчаҳои қироаткардаро як-як таҳлил карда, маъниву мазмун ва моҳияти аслии абёти шоирро шарҳ дод. Аз шогирдон тақозо мекард, ки ҷанбаҳои ахлоқии асарҳои бузургонро дар зиндагиву кору пайкори худ истифода кунанд, то дар ҷамъият мақому манзалати хешро пайдо созанд.

Муаллим мавзӯъро идома дод ва дар замимаи ҳарфҳояш баён дошт:

-Шогирдони азиз, ҳаёт якранг нест. Шумо насиб бошад, мактабро хатм мекунед, ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ дохил мешавед ва ҳаргиз фаромӯш накунед, ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои олӣ ҳамин гуна омилҳо зиёданд, ки таваҷҷуҳи шуморо ба худ ҷалб мекунанд, аммо хирадманд он шахсе буда метавонад, ки ба ҷуз мақсади омӯзиш назари таваҷҷуҳ ба дигар самт равона насозад. Зеро хирадмандӣ дарахти умри инсонро бо самар, зиндагии шоистаро ба ӯ насиб мегардонад…

Фурқат Ҳусейнов аз зумраи муаллимонест, ки дар лаҳзаҳои мушкилтарини зиндагӣ ва лаҳзаҳои сахттарини ҳаёт тарки пешаи пурифтихор накарда, зиёда аз 20 сол мешавад, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул аст. Имрӯз шогирдонаш ҳар яке дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа кору фаъолият доранд. Ҳоло ҳам ба хонандагон дарс мегӯяд, аз таҷрибаи пешқадами худ истифода менамояд, ин аст, ки шогирдонаш дар озмунҳои фаннӣ ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидаанд.

 

Осими Оқил,

номзади илмҳои техникӣ,

дотсенти Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш