Нашрияи Омӯзгор

Оилаи солим – муҷиби пешрафти ҷомеа

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 48        Шарҳ: 0

 

Ҳамбастагиву ҳамкорӣ, маслиҳату машварат дар ҳама давру замон омили муҳими комёбиву пешравӣ будаасту хоҳад буд. Аз ин ҷост, ки бузургонамон таъкид кардаанд: «Дар ҳама кор машварат бояд, Кори бе машварат наку н – ояд». Ин аст, ки инсон дар оила тарбия ёфта ба воя мерасад ва чун фарзанди солиму бардам ва баору номуси кишвар ба халқу Ватани худ хизмат менамояд. Ин масъулияти басо бузурге  ҳам ҳаст.  Аз ин рӯ,  месазад, ки баҳри бунёд намудани оила заҳмати зиёд кашид, то дар нимароҳ лолу ҳайрон, зору ҳақиру парешон намонем.

 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту вохӯриҳои хеш ба тифлону ятимони  бесарпаноҳмонда ва дур аз навозиши падару модар таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, аҳли ҷомеаро ба дастгирии онҳо ҳидоят менамоянд. Масъалаи мазкур – парасторӣ ва таълиму тарбия  дар суханрониҳои  Сарвари кишвар хеле хайрхоҳонаву дилсӯзона садо медиҳад.

Бо вуҷуди ин, мутаассифона, волидоне ҳастанд, ки ба мактаб алоқаи зич  надоранд, фарзандони хеш назорат намекунанд ва ҳама корро ба дӯши омӯзгорон партофтаанд. Агар ба сарварони ин гуна оилаҳо танбалӣ, камбудӣ, бадахлоқӣ ва бесаводии фарзандашонро ёдовар шавед, мегӯянд: «Худам ҳам дар вақташ сустхон будам, аз куҷо донам, ки тарбияаш чист? Таълим ва тарбия вазифаи мактабу маориф, муаллимон аст».

Як қисми волидон бори вазниниро ҳамеша ба дӯши омӯзгорони таълимгоҳ мепартоянд, ки амали носавобест. Ҳол он ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  ҳушдор медиҳад, ки иҷрои қонун аз тарафи ҳам падару модар ва ҳам омӯзгорон шарт аст. Масалан, дар банди якуми моддаи 15 – и қонуни мазкур омадааст: «Дар ҳолати иҷро накардан ва ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».

Мутаассифона, баъзе аз волидон аз он бебаҳраанд, ки ҳеҷ ягон таълимгоҳ ё дабистон меҳру муҳаббати волидонро иваз карда наметавонад. Аз 24  соати шабонарӯзӣ 6 ё 7 соати хонанда дар ихтиёри омӯзгор аст. Вале охир, ҳаждаҳ  соати дигар дар итоати волидон аст – ку?! Ку инсофу адолат? Бар замми ин, баъзе аз падару модарон ҳайрон мешаванд, ки чаро фарзандашон гапнодаро, коргурез ва бадмаст (майхора) шудааст. Онҳо аксаран дар ин бобат аз мактабу кинофилмҳо, аз таъсири кӯча домангир мешаванд. Бояд гуфт, ки бачагону наврасонро ҳам одамон, чизҳо, ҳодисаҳо тарбия менамоянд. Аз байни онҳо дар ҷойи аввал падару модарон меистанд, ки бо ахлоқ ва симои маънавии худ ба бачагон ва наврасон таъсир мерасонанд. Онҳо, пеш аз ҳама, бо волидон, бародарон ва хоҳарони калонсолашон пайравӣ мекунанд.

Солҳои охир ҷамъияти  моро на танҳо буҳрони иқтисодӣ фаро гирифтааст, балки  моро  буҳрони ахлоқӣ  низ таҳдид мекунад. Шурӯи ин буҳрон аз он далолат мекунад, ки байни мактабу оила робита дар сатҳи мустаҳкаму дилхоҳ нест. Агар ҳамдигарфаҳмиву мусолиҳа, байни калонсолони оила ба вуқӯъ пайваст, муносибати волидайн бо мактабу маориф беҳ гардид, фарзандон аҳамияти таълим ва тарбияро ҳам аз тарафи волидону омӯзгорон эҳсос намуданд, он гоҳ бовар кардан мумкин, ки ҷомеа минбаъд рушд намуда, ба ҳалли ҳадафҳои наҷиб ноил мегардад.    

 

Фарзона  АСАДУЛЛОЗОДА,

мудири  ширхоргоҳи  №124,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш