Нашрияи Омӯзгор

Гуфтори бузургон

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 65        Шарҳ: 0

 

Шахсони бад барои хӯрдан зиндагӣ мекунанд. Касони хуб барои зиндагӣ кардан мехӯранд.

Суқрот

Ишқ балоест, ки ҳама хоҳони онанд.

Афлотун

Инсон барои фикр кардан офарида шудааст.

Паскал

Онҳое, ки хизмати  худро барои хӯрдан таҳқир мешуморанд, бузург нестанд.

Б.Ғафуров

Зан монанди қурси моҳ аст,  ки болои сари мо дар осмон озодона  гардиш мекунад, ба ҳар ҷое, ки меравад, нури худро ба табиат нисор мекунад.

А. С. Пушкин.

Китоб  дӯсти одам аст. Онро дӯст доред, вай ба шумо дари ҳаётро мекушояд, ҳурмат кардани инсонро таълим  медиҳад.

А. М. Горкий                                                     

Инсон  он гоҳ инсон аст, ки эҳтиёҷи мардумро мебарорад.

Сино

Бахт тани сиҳату виҷдони ором аст.

Л. Н. Толстой

Касе, ки баҳс карда наметавонад, нотиқ нест.

Ситсерон

Агар ҷаҳон битаркад, дарзҳои он аввалқадам аз дили шоир мегузаранд.

Ҳейне

Ҳар кӣ табиатро дӯст надорад, одамро низ дӯст дошта наметавонад.

Ф. Достоевский

Шаъну шараф ба модари мушфиқ, ки меҳру муҳаббаташ беинтиҳост.

Сом Бинни Касмон

Гуфтор оинаест, ки дар он ҳар кас чеҳраи хешро менамояд.

Иоҳан Гёте

Занон ёрони мардони  ҷавон, рафиқи мардони комил ва дояи пирамардонанд.

Франсиз Бегиз

Хушақливу хушахлоқӣ ҳамеша ба ҳамдигар наздиканд.

Л. Толстой

Ҳама андешаҳои мард ба як меҳри зан намеарзанд.

Волтер

Фароҳамсоз Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш