Нашрияи Омӯзгор

Ҷонфидо

Сана: 2020-07-15        Дида шуд: 54        Шарҳ: 0

(ёде аз табиби ҳозиқ Ватаншо Раҷабов)

Фаъолияти меҳнатии  табиби ҳозиқ Ватаншо Раҷабов ва сифатҳои инсониаш ибратомӯз мебошад.

Ватаншо зодаи яке аз минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон – ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мебошад. Ҳанӯз аз кӯдакию наврасӣ ба ҳаводису равандҳои муҳити атроф диққати махсус зоҳир мекард. Ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки  ба омӯзиши илмҳои биология ва химия дил баст. Ва аз пайи амалисозии орзуҳояш ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кард.

Ба ӯ барои кор ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе роҳхат  доданд.

Ватаншо дар беморхонаи мазкур корро ба ҳайси уролог шурӯъ намуд. Баъдтар ба вазифаи мудири бахши Беморхонаи ёрии таъҷилӣ таъйин гардид. Вале корафтодагону дармондагон ӯро на ҳамчун мудири бахш, балки ҳамчун табиби ҳозиқу меҳрубон нисбат ба беморон, меҳандӯсту ростқавл ва хоксору одӣ мешиносанд.

В.Раҷабов 25 соли умри худро сарфи хизмат ба мардум карда, то вопасин лаҳзаҳои ҳаёт ин иқдомашро идома дод. Мавсуф ҳамеша ба хотири оромию осудагии Меҳан ва беҳбудии саломатии беморон ба кор ҳозир мешуд.

Дар кишвари мо бо истифода аз тамоми имконияту захираҳо мубориза барои бартарафнамоии ин беморӣ пурзӯр карда шуд. Табибони тоҷик низ дар сафи пеши мубориза бо коронавирус қарор гирифтанд. Дар байни ин табибони ҷонфидо Ватаншо Раҷабов ҳам буд, ки наҳаросида бар ивази ҷони худ беморонро наҷот дод. 

Мо бояд фаромӯш накунем, ки дар ин шароити мушкил табибони ҳозиқу кордон тамоми дониш, малакаю маҳорати хешро барои табобати беморон равона карда, чи тавре ки мушоҳида мегардад, муваффақ ҳам гардиданд. Маҳз ҳамин ғалабаи эшон аст, ки беш аз 71%-и гирифторони бемории COVID-19 дар кишвари мо аллакай комилан шифо ёфтаанд. Ва албатта, ҳеҷ як ғалаба ва муваффақият бе қурбонӣ ва аз худ гузаштанҳо намешавад.

Ман ҳамчун бародари марҳум Ватаншо Раҷабов медонам, ки  вай қаҳрамонона дар роҳи наҷоти ҳаммеҳанонаш ҳалок гардид. Оилаи мо, ки яке аз оилаҳои соҳибэҳтирому соҳибикроми яке аз гӯшаҳои кӯҳсори Тоҷикистон мебошаду фарзандонашро ҳамеша дар рӯҳияи ватандӯстӣ, миллатпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ ба воя расонидааст, марги бародари худро, воқеан ҳам, қаҳрамонӣ дар роҳи наҷоти миллат меномем. Зеро бародари зиндаёди мо барои садди роҳ шудан ва пешгирӣ кардан аз хатаре ҷон бохт, ки ин хатар кулли миллатро таҳдид месозад.

В.Раҷабов дар тамоми чорабиниҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ пайваста ширкат меварзид. Яъне, ҳамеша ҳамқадами мардум ва дар паҳлуи мардум буд. Чунки бо сарҷамъӣ, иттифоқӣ ва дар фазои орому осуда дӯстонаю бародарона гузаронидани чорабиниҳоро аз тарафи мардуми манотиқи мухталифи Тоҷикистон самараи ҳамдилию ваҳдат ва сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар медонист.

Ҳарчанд имрӯз табиби ҳозиқ, бародари ба ҷон баробарамон ҷисман аз байни мо рафтааст, вале кору пайкор ва хизматҳои ба халқу Ватан анҷомдодааш абадан дар қалби ҳар яки мо боқӣ хоҳад монд.

Насриддин Искандарзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш