Нашрияи Омӯзгор

Фаъолият дар биноҳои нав

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 95        Шарҳ: 0

 

Соли 2018 дар доираи сафари кории худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии раёсати маорифи ВМКБ, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро мавриди истифода қарор доданд. Бино аз чор ошёна иборат ва дорои 42 ҳуҷра мебошад. Дар он зиёда аз 100 нафар корманди соҳа бо ҳуҷраҳои корӣ таъмин гардида, ҳамзамон ошхона барои 40 ҷой ва хобгоҳ барои 30 нафар пешбинӣ шуд. Дар бино, инчунин, муассисаи давлатии «Маркази технологияи иттилоотии ВМКБ», синфхонаи компютерӣ, «Маркази рушди истеъдодҳо» ва дигар зерсохторҳо ҷой дода шудааст.

Ба шарофати ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бинои нави мактаби рақами 8-и шаҳри Хоруғ дар оғози соли нави таҳсили ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад. Шумораи иншоотҳои сохташавандаи соҳаи маориф дар дигар ноҳияҳо кам набуда, дар арафаи ҷашн мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

 

 

 

90 фоиз бо кор таъмин шуданд

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дарсҳои кӯтоҳмуддати баъдимактабиро дар арсаҳои гуногун, мисли соҳибкорӣ, омӯзиши забони англисӣ, риёзии зеҳнӣ барои кӯдакон, барномарезӣ дар тиҷорат ва технологияи иттилоотӣ пешниҳод мекунад.

Дарсҳои зикршуда давомдор буда, то соли сипарӣ шумораи донишомӯзонаш дар Тоҷикистон 75000 нафар ва дар давлати исломии Афғонистон 10000 нафарро ташкил дод. Илова ба ин, мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор 50000 шунавандаро ба маҳфилҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои дастурдиҳӣ фаро гирифт.

Аз рӯйи мониторинги гузаронидашуда 90 фисади таҳсилкунандагон баъди гирифтани шаҳодатномаи таҳсил ҷои кор пайдо карда, қисмати дигар мутаносибан бо кор таъмин ва ҳамзамон таҳсили худро дар мактабҳои олӣ давом дода истодаанд.

Аз ин рӯ, талабот ба мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ афзуда истодааст.

 

Ҷ. Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш