Нашрияи Омӯзгор

Чашмае зоянда ва давлате поянда

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 86        Шарҳ: 0

 

(Ҷомаи меҳр ба Пешвои миллат.  Истаравшан ҳунаристон аст.  Коллеҷи мо осорхонаи ҳунарҳост.  Феҳристи ҳунарҳои мардумӣ. Ҳунарманд садрнишин аст. Устоҳои мардумӣ дар коллеҷ. Таълифи донишномаи ҳунарҳо)

Ин шаҳр таърихи дерин, анъанаҳои рангин, манзараҳои дилнишин ва чеҳраи нозанини худро дорад. Шаҳрест маъруф ва пуровоза, шаҳрест дорои махсусиятҳои беназир. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши ин шаҳри бостониву бӯстонӣ суханони баланду дилписанд гуфта, махсус таъкид бинмудаанд, ки «Истаравшан дар қатори бузургтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад». Ин  манзалат ва рисолати бузург аст.

Аз волотарин махсусият-ҳои ин куҳаншаҳр ба шумор меояд, ки он аз аҳди бостон шаҳри ҳунармандон дониста мешуд ва имрӯз ҳам ин мартабаи ифтихориашро аз даст надодааст. Истаравшан дар замони истиқлол низ чун шаҳри ҳунарпарвару ҳунаргустар эътироф мешавад, он ҳофизи ҳунарҳои  мардумии тоҷикист. Ин ҷо ҳамагон гаравиш ба ҳунаре доранд ва неку медонанд, ки «Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор» буваду «Ҳеҷ ганҷе беҳтар аз ҳунар нест». Аксари кӯчаҳои ин шаҳр марбут ба номи ҳунареанд, аз ҳар бино асари ҳунари воло ба мушоҳида мерасад ва ҳама ҷо  сухан аз ҳунару ҳунарварӣ садо медиҳад, бозорҳояш намоишгоҳи ҳунарҳои мардумиро мемонанд…

Басо мувофиқу мутобиқу рамзист, ки дар Истаравшани ҳамбаста бо чунин тавсифи ҳунарпеч муассисаи таълимие бо номи коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шудааст ва фаъолияте пурбору бавусъат дорад. Ҳамбаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбате оростем бо сарвари ин таълимгоҳ, омӯзгори собиқадору тозакор Насриддин Хоҷаев.

 

-Муаллими муҳтарам, шумо дар таълимгоҳе сарваред, ки бо вожаи зебои ҳунар пайванди ҳамешагӣ дорад. Ин вожа доимо сари забонҳост ва дар ситоиши ҳунару ҳунармандӣ фаровон суханҳое пурҳикмат гуфта шудаанд.

-Воқеан ҳам, ҳунар зиндагиорои одамон аст, ҳаёти осоиштаву шоистаи онҳоро таъмин мекунад. Ҳунар ба одамон тавоноӣ, дороӣ ва обрӯю эҳтиром эҳдо менамояд. Маҳз ба василаи ҳунар шахс дар зиндагӣ мавқеи хоси худро пайдо месозад ва ба аҳли ҷомеа мададрасон мешавад. Аз қадим мардуми шарафманди тоҷик мекӯшиданд, ки фарзандонашон ҳунар омӯзанд, дасту ақли гиро дошта бошанд ва дар ин замина нони ҳалол ба даст оранду рӯзгорони саодатмандона ба сар баранд. Ин анъанаи неку писандида, хушбахтона, имрӯз ҳам идома дораду дар кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон ба ҳунару ҳунаромӯзӣ ҳамеша арҷ гузошта мешавад. Ҷои ифтихор аст, ки адабиёти муҳташами тоҷикон аз лиҳози тавсифу тарғибу ситоиши ҳунар басо ғановатманд аст. Тамоми бузургони олами адаби мо вобаста ба ҳунару ҳунармандӣ суханони баланду дилчасп ва раҳнамою ҳидоятгар гуфтаанд, ки мо аз онҳо дар ҷараёни таълиму тарбияи шогирдон васеъ истифода мебарем. Ба масал, он чӣ Саъдии Шерозӣ дар ситоиши ҳунар гуфтааст, худ як мактаби бузурги тарғиби ҳунарварист. Аз ин лиҳоз мисоле аз «Гулистон»-и бехазону ҷовидон меоварам, ки ростӣ, намедонам чанд маротиба онро ба шогирдон такрор ба такрор гуфтаам ва шогирдон ҳам ҳар бор шуниданашро меписанданд: «Ҳакиме писаронро панд ҳамедод, ки ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунёро эътиқод нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳалли хатар аст: ё дузд ба як бор бибарад ё хоҷа ба тафориқ бихӯрад. Аммо ҳунар чашмае зоянда асту давлате поянда. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунарманд дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар луқма ҷӯяду сахтӣ бинад.»

Бо ҳунар сарукор доштан бузургтарин ифтихор аст ва мо шарафмандем, ки чунин ифтихор насибамон гашта.

-Вақте ки коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри бостонии Истаравшан таъсис ёфт, ҳамагон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки бисёр хубу бамавқеъ шуд, ҷои булбул гулистон бувад, ин шаҳр аз қадим бо ҳунармандону ҳунарпарвариаш машҳур аст ва Истаравшанро метавон чун ҳунаристон тавсиф бахшид.

-Таъсиси коллеҷи мо аз ибтикори Президенти муҳтарами ҷумҳурӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Сарвари кишварамон, воқеан ҳам, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба ҷанбаи миллии рушди мамлакат доранд. Борҳо таъкид кардаанд, ки бунёди давлати миллӣ бидуни эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла, ҳунарҳои мардумӣ имконнопазир аст. Дар ҳақиқат, таъсиси коллеҷи  ҳунарҳои мардумӣ дар Истаравшан ба раванди ҳунаромӯзӣ дар тамоми мамлакат такони ҷиддӣ бахшид, ба эҳёи як силсила ҳунарҳои бостонии халқамон мусоидат кард, гурӯҳи калони устодони ҳунарро ба ҳам овард ва низ барои омӯзиши амиқу таҳқиқи дақиқи таърихи ҳунару ҳунарварии тоҷикон марҳилаи тозаеро ифтитоҳ намуд. Беш аз даҳ сол мешавад, ки дар коллеҷи мо нозукиҳои санъати волою пуровозаи халқи тоҷик, аз ҷумла, заргарӣ, кашидадӯзӣ, наққошӣ, адрасу атласбофӣ, кандакорӣ, зардӯзӣ, кордсозӣ, тарроҳии либоси миллӣ, гаҷкорӣ…таълим дода мешавад. Теъдоди донишҷӯёни коллеҷ аз сесад нафар бештар аст ва аз ин теъдод наздик ба шаст нафар фиристодагони манотиқи дигари ҷумҳурӣ (Хатлону Бадахшону шаҳру навоҳии тобеи марказ) мебошанд ва ба онҳо барои таҳсилу фароғат шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Ба ҳунаромӯзон беш аз шаст нафар омӯзгори  варзида сабақ медиҳанд, ки дар байни онҳо номзаду докторҳои илм, дотсенту профессорҳо низ ҳастанд. Устодони мо, пеш аз ҳама, ҳунармандони мумтозанд ва метавон гуфт, ки «хобби»-ашон ҳунар аст.

Намунаҳои ҳунари омӯзгорони варзидаву собиқадори мо Махфират Аҳмадова, Аҳмадҷон Эргашев, Наврӯза Сангинова, Мирзоилҳом Мирзокалонов, Мунира Ниёзова ва Нигора Шодиева дар намоишгоҳҳои байналхалқии шаҳрҳои Бухоро, Маскав, Бишкек ва дар мамолики Ҳиндустону Аморати Муттаҳидаи Араб ба маърази тамошо гузошта шудаву бо ҷоизаҳои махсус қадр гардидаанд. Умуман, дар давоми ёздаҳ соли фаъолияташ коллеҷи мо 50 маротиба дар намоишгоҳҳои ҳунарии сатҳи шаҳр, 30 маротиба дар сатҳи вилоят ва 25 маротиба дар сатҳи ҷумҳурӣ ширкат варзида, мукофоту ҷоизаҳои зиёде ба даст овардааст. Ҳаминро ҳам бояд зикр намоям, ки устодони коллеҷи мо дар таҳияи феҳрасти ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан фаъолона ширкат варзиданд ва дар ин феҳрист беш аз 180 номгӯй ҳунар сабт шудааст.

Ҳоло дар коллеҷ донишҷӯён мутобиқ ба 6 ихтисос ва 11 равия дар гурӯҳҳои рӯзонаву ғоибона ҳунарҳои мардумиро меомӯзанд.

-Оё ҳунармандони халқии маҳаллӣ, ки чанде аз онҳо ҳатто берун аз ҷумҳурӣ шуҳрат ёфтаанд, ба коллеҷ ҷалб шудаанд?

-Чунонки дар оғоз гуфтем, сабаби асосии таъсиси коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дар Истаравшан он буда, ки ин ҷо ҳунармандони асил зиёданд. Ва албатта, аз нахустсоли таъсиси коллеҷ (с.2009) барои ҷалби ин ҳунармандон ба таълиму тарбияи шогирдон тадбирандешӣ шуд. Дар натиҷа ҳунарварони маъруфи шаҳр -устои мисгар Мирзо Мансуров, кулолгар, аъҷубасоз Эргаш Ғафуров, усто Миробиди наққош ва кундалрез, устои кандакор Ҳалим Яҳёев, устои қолинбоф Абдуқаҳҳор Ҳамдамов, бонуи кашидадӯз Мағфират Аҳтамова ва чанде дигар ба сафи устодони мо даромехтанд. Чанде аз онҳо дар ҳунарварӣ мумтоз бошанд ҳам, таҳсилоту маҳорати омӯзгорӣ надоштанд. Бо мусоидати маъмурияти таълимгоҳ барои ин қабил устодон курсҳои махсус ташкил карда шуданд, то онҳо соҳиби маҳорату малакаи омӯзгорӣ гарданд. Бамаврид медонам, ки ин ҷо сухане чанд дар бораи муаллимаи азизамон Мағфират Аҳтамова бигӯям. Ин бонуи меҳрубону соҳибхирад 55 сол боз ба омӯзгорию ҳунаромӯзӣ машғуланд ва 10 сол мешавад, ки дар коллеҷи мо фаъолият доранд, қаблан дар мактаби миёна омӯзгори касбу ҳунар буданд. Хатмкардаи омӯзишгоҳи касбии техникии шаҳри Истаравшан ва  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров мебошанд. Бо шогирдон кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ ва одоби ҳунармандиро меомӯзанд. Ҳунарманду эҷодкори асиланду тахайюли ғанӣ доранд. Як сӯзании олиҷанобашон (ба андозаи 6 х 6 м), ки дар заминаи омезиши санъатҳои гулдӯзӣ, попурбофӣ ва қаламрезгӣ офарида шудааст, соли 2018 (моҳи январ) расо як ҳафта дар Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Арабистон гузошта шуду ҳамагонро мафтуну ҳайратзада кард. Вақте ки дар Наврӯзи соли 2018 Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан омаданд, зимни яке аз мулоқотҳояшон муаллимаи маҳбуби мо Мағфират Аҳтамова ба Пешвои миллат ҷомаи беқасаби дастибофи шерозадор ҳадя  кардаву худ модарвор ба тани Сарвари кишвар пӯшонданд. Ҷома ба тани Пешво хеле қоим омад ва ҳам зебид. Президенти муҳтарам ба муаллима ташаккур гуфтанд ва иброз доштанд, ки ин ҷомаи меҳр аст ва  ман онро эҳтиёт хоҳам кард…

Зиндагиномаи муаллима дар гулдӯзиҳояшон, дар сӯзаниҳояшон таҷассум ёфта. Ду духтарашон аз пайи модар рафтаанду дар сӯзанидӯзӣ дасти гиро доранд…

Ҳамкории  мо бо ҳунармандони халқии шаҳр бо ин маҳдуд намешавад. Дар давоми ҳар соли хониш дар коллеҷ чандин маротиба вохӯрии донишҷӯён бо ҳунармандони халқӣ созмон дода мешавад. Ҳамчунин, саёҳати шогирдонамонро ба коргоҳҳои ҳунарии шахсии ҳунармандони халқӣ мунтазам ташкил менамоем, ки хеле муассиру ибратбахш аст.

-Дар аксар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон ҳамбаста бо таълиму тарбияи шогирдон ба таҳқиқу пажӯҳиш ва эҷодкорӣ машғул мешаванд.

-Ин раванди хеле хубу судманд аст ва дар коллеҷи мо низ риоя мешавад. Пеш аз ҳама, устодони мо дар таълифу таҳияи китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ фаъолияти чашмгир доранд. Чунончи, китобҳои таълимӣ ва дастурҳои «Назария ва амалияи ҳунари заргарӣ», «Методикаи таълими нақшҳои ҳандасӣ», «Услуби  нақшу нигори миллӣ», «Қолинбофӣ», «Донишномаи ҳунарҳои мардумӣ», «Таърихи санъати ороиши амалии Эрон», «Санъати ороиши амалии Тоҷикистон», «Тарзи дӯхт ва хусусиятҳои нақши сӯзаниҳо бо усули тоҷикии Бухороӣ», «Омӯзиши таърихи нақшҳои ҳандасии асрҳои X-XIII дар Суғди бостонӣ»… дар сатҳи баланд таълиф шудаанд ва раҳнамою дастгири устодону ҳунаромӯзон мебошанд. Аз ҷониби омӯзгорони варзидаи коллеҷ наздик ба 50 модули фаннию тахассусӣ таҳия шудааст. Мақолаҳои пурмуҳтавои устодони мо, махсусан, бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар нашрияҳои гуногуни вилоятиву ҷумҳуриявӣ пайваста ба табъ мерасанд. Мо нашрияи махсуси худро бо номи «Ҳунарманд» дорем, ки моҳе як маротиба бо фарогирии хабару мақолаҳои устодону шогирдони коллеҷ нашр мешавад. Эҷодкории кормандони мо, ҳамчунин, дар таъсису муҷаҳҳазсозӣ ва ороиши 12 устохона – лабораторияи ҳунарӣ, дар тарҳрезии долону саҳну толорҳои коллеҷ ифода ёфтааст. Ҳамасола устодони таълимгоҳ дар теъдоди зиёди конфронсҳои илмии назариявӣ ва амалии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат варзида, дар умдатарин мавзӯъҳо маърӯзахонӣ мекунанд. Намоишгоҳҳои ҳунарие, ки ба ифтихори санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ аз ҷониби коллеҷи мо таъсис дода мешаванд, бозгӯи дигари эҷодкории устодони мо мебошанд.

-Дар байни чанде аз асарҳои устодони коллеҷ, ки номбар кардед, «Донишномаи ҳунарҳои мардумӣ» ба назар бештар ҷолиб менамояд.

-Таҳияву таълифи чунин донишнома кори саҳл нест, вақти зиёд, ҳайати муайяни муаллифон, пажӯҳиш ва баррасии бавусъатро тақозо дорад он. Донишномае, ки дар мо таълиф шуд, як навъ оғози кор, заминае барои ба вуҷуд овардани донишномаи нисбатан фарогиру мукаммали ҳунарҳои мардумист. Масалан, танҳо дар бораи таърих ва истилоҳоту устоҳои ҳунари кордсозӣ метавон чанд мақолаву китоб таълиф кард ва ҳамин тавр дар бораи гаҷкорию кандакорию кашидадӯзӣ… Мо аз пайи ин кор ҳастем. Мекӯшем, ки  ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ онро ба фарҷом расонем.

Мусоҳиб

Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш