Нашрияи Омӯзгор

Маркази касбомӯзӣ дастгирӣ намеёбад. Чаро?

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

 

Маркази таълимии ибтидоии касбии назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 2015 дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод дар асоси лоиҳаи Барномаи саводнокии касбӣ таъсис дода шудааст.

Маркази мазкур аз бинои зебою барҳавои замонавии бо тамоми шароитҳои таълимию техникии муосир муҷаҳҳаз буда, дорои 10 кабинети таълимӣ мебошад. Дар Маркази касбомӯзӣ ихтисосҳои зерин:

- муҳосиб бо донистани компютер, дӯзанда, таъмири телефонҳои мобилӣ, қаннодӣ, ошпаз, ороиши мӯй, кафшергари газию барқӣ, фурӯшанда-ташкилотчӣ, бофанда, заргар, гулдӯзӣ, занбӯрпарварӣ ва технологияи истеҳсоли консерва ва ғайраҳо омӯзонида мешаванд. Дар солҳои 2016-2017 847 нафар ҷавонону ҷавондухтарони деҳотӣ аз рӯи 8 намуди касбҳои гуногуни миллӣ, нозукиҳои касбҳои ошпаз, ороиши мӯй, кафшергари газию барқӣ, фӯрӯшанда-ташкилотчӣ, бофанда, заргар, гулдӯзӣ, занбӯрпарвариро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардиданд. Мутаассифона, баъди ба анҷом расидани маблағгузории барномаи мазкур, маркази таълимии ибтидои касбии мазкур аз фаъолият монд. Дертар бо мақсади ба фаъолият омода намудани маркази касбомӯзии ноҳия бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3. 05. 2018, №1652 ба тавозуни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузаронида шуда, ҳамчун Маркази таълимии ибтидоии касбии назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ноҳияи Муъминобод номгузорӣ карда шуд. Айни ҳол ба таълимгоҳ ҷавонписарон ва духтарони аз синни 15-24-сола ба таълим фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон, дар таълимгоҳ қабули бонувони бекасби 24-49-сола барои омӯхтани касбҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд кард, ки соли таҳсили 2019-2020 маъмурияти марказ аз рӯи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» фаъолият намуда, 176 нафар ҷавонон, духтарон ва занони хонашинро ба 14 намуди касбҳои гуногуни миллӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда, сохиби сертификати касбӣ гардиданд. Ҳамчунин, 66 нафар занону духтарон аз рӯи касбҳои ғайрианъанавӣ (кафшергари газию барқӣ, челонгари барқӣ, соҳибкорӣ) аз курсҳои як-думоҳа гузашта, сохиби шаҳодатномаи касбӣ шуданд. 105 нафар ҷавонон ва духтарон аз деҳаҳои дурдаст машғули касбомӯзӣ буданд, вале айни замон бо сабабҳои маълум намехонанд.

Маркази таълимии касбомӯзиро Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ зери сарпарастии худ гирифта бошад ҳам, ба таври бояду шояд кумаку дастгирӣ намекунад. Нарасидани маблағҳо барои маоши омӯзгорону устоҳои таълимӣ, барои беҳбудию хариди воситаҳои аёнӣ - техникӣ ва дигар маблағҳои лозимӣ ҳис карда мешавад, ки танқисӣ мекашанд. Аз суҳбат бо директори марказ М. Ғаниев маълум мешавад, ки мушкили норасоии маблағ сабаби дар ояндаи наздик аз фаъолият бозмондани маркази касбомӯзӣ мегардад

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш