Нашрияи Омӯзгор

“Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ”

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 69        Шарҳ: 0

 

 Таҳти унвони “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” (солҳои 1941-1945) китоби устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ваҳҳоб Набиев, Аюб Усмонов ва Зафарҷон Қобилов бахшида ба 75-солагии ғалабаи бузург тавассути нашриёти “Меъроҷ” ба нашр расид. Китоб аз корнамоию ҷоннисориҳои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, тоҷикон дар таъмини пирӯзӣ алайҳи фашизм ҳикоят мекунад.

Муаллифони он оид ба масъалаҳои вазъи сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ИҶШС ва Тоҷикистон дар солҳои ҷанг, ҷоннисорию қаҳрамониҳои тоҷикон дар муҳорибаҳои Сталинград, Курск, Ленинград ва ғайра маълумотҳои хеле ҷолибро рӯи саҳфа овардаанд. Қисмати дигари китоб вазъи маорифи халқ, тандурустӣ, адабиёт ва санъати тоҷикро дар хизмати мудофиаи мамлакат, фаъолияти матбуоти даврӣ ва нашрияҳои Тоҷикистони замони ҷангро инъикос кардааст.

Дар поёни китоб муҳимтарин маълумоти иловагӣ оид ба Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба таври фишурда оварда шудааст.

Ҳамчунин, барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии насли наврасу ҷавонон, афзудани эҳтиромгузории онҳо ба арзишҳои миллӣ ва таърихӣ гуфторҳои дар ин мавзӯъ ироанамудаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой дода шудааст.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш