Нашрияи Омӯзгор

Киҳо ҳуқуқи директори муассисаи таълимӣ буданро доранд?

Сана: 2020-07-09        Дида шуд: 180        Шарҳ: 0

 

Мехоҳем, ки ба чанд саволи мо ҷавоб гӯед. 1. Омӯзгоре, ки синну солаш ба нафақа расидааст, ҳуқуқи дар вазифаи директори  муассисаи таълимӣ кор карданро дорад? 2. Пас аз 25 соли бефосилаи кор омӯзгор  ба нафақа рафта метавонад? Барои онҳое, ки бештар аз ин, масалан, 28 ё 30 соли бефосилаи корӣ  доранд, ягон хел имтиёз муқаррар гардидааст?

Бо эҳтиром,

гурӯҳи омӯзгорон аз ноҳияи Муъминобод  

Ҷавоби 1. Тибқи талаботи сархати 4 ва 5 – и моддаи 11- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» занон баъд аз расидан ба 58 – солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол ва мардҳо баъд аз расидан ба 63 – солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол ҳуқуқи ба нафақа баромаданро доранд. Инчунин, мутобиқи банди 25  (нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2015, №5)  роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бо риояи қонунгузории амалкунанда ҷиҳати бо иззату эҳтиром ба нафақа гусел кардани хизматчиёни давлатӣ ва кормандоне, ки ба синни нафақа расидаанд ва ҷалби мутахассисони ҷавон дар тамоми соҳаҳо, инчунин, ҷойивазкунии кормандоне, ки дар як мансаб 18 – 20 сол кор мекунанд, амалӣ карда мешавад. Тибқи банди 7 (нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.05.2017, №5) бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, бахусус, дар деҳоти ҷумҳурӣ бобати дар муддати 2 - 3 сол аз байн бурдани норасоии кадрҳои соҳаи маориф, аз ҷумла, омӯзгорони фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва забонҳои хориҷӣ, коҳиш додани шумораи омӯзгорони ғайриихтисос ва нафақагирон, беҳтар кардани нишондиҳандаи ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони мактабҳои олӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ таъйин намудани кадрҳои ҷавони ташкилотчӣ мебошад.

Ҷавоби 2. Мутобиқи зербанди 13, қисми 1, моддаи 53 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд. Дигар имтиёзҳое, ки баъди ба нафақа баромадан амалӣ карда мешаванд, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад.

Дар ин бора ба  мо  сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмазбут Ҷӯраев иттилоъ дод.

Масъули гӯша Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш