Нашрияи Омӯзгор

Кафили амнияти миллии кишвар

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 69        Шарҳ: 0

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми қудрати сиёсии кишварро ба даст гирифт, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанг ва фитнаҳои бузург афтода, хатари аз байн рафтани миллату давлат, забону таърих ва тамомияти арзӣ пеш омада буд.

Мардум ба гурӯҳ ва созмонҳои мухталиф ҷудо гашта, ба якдигар бо забони тиру теғ сухан мегуфтанд. ҷанги таҳмилӣ тару хушкро месӯзонд. Ғубори тарс, қатлу куштор, ваҳшат, нафрат ва кинаву адоват ҷомеаро дар оғӯши худ гирифта, дар раҳраву тангкӯчаҳо ҷасади шахсони фавтида пушти ҳам хобида буданд. Дар чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои ҳастию бақои миллату давлат Эмомалӣ Раҳмон парчамбардори сулҳ, ваҳдат, ҳувияти миллӣ ва пешвои сиёсии Тоҷикистони азиз гардиданд.

Он рӯзҳои мудҳиш ошуфтагӣ, парешонии рӯзгор, нооумедӣ ва хушунат ҷомеаро фаро гирифта буд. Фирор роҳи зинда мондани қишре аз ҷомеа гардид. Муҳосираҳои иқтисодӣ, бераҳмӣ ва номардӣ ханда ба инсофу имон, муҳаббату инсонгарӣ мезад. Мағзҳои бедор фирор ва бархе аз ҷавонмардони меҳандӯст дар муқовимат бо ҷанг устувор ва пойдор монданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992  дар шаҳри Хуҷанд дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ба парчам - нишонаи асосии давлату миллат эҳтиром гузошта, дар назди ҳозирин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳор доштанд, ки бо фазли Худованд ба ҷанги таҳмилӣ хотима мегузоранд. Миллат ва давлатро аз нестшавӣ ҳифз намуда, тамоми гурезагони иҷборӣ, яъне ҳамватанони азизро аз Афғонистон ва соири кишварҳои дунё ба Тоҷикистон меоваранд. Сарвари  кишвар изҳор доштанд, ки то замоне як тоҷик берун аз ватан қарор дорад, ман осуда ва ором буда наметавонам. Тоҷикистон хонаи ҳамаи тоҷикон аст.

ҷавҳари ҷавонмардӣ ва хиради азалӣ дар симои зоҳирӣ ва андешаву афкори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо чун офтоби тобон нурафшон буд. Сардори давлат низоми иқтисодии кишварро, ки дар натиҷаи дигаргун гаштани сохтори сиёсию низоми давлатдорӣ  ва ҷанги таҳмилӣ аз ҳам пошида, валангор гашта буданд, аз нав дар шароити низоми демократӣ бозсозӣ намуданд.

Душманони миллат ва халқи тоҷик, ки оромӣ ва суботи ҷомеаи Тоҷикистонро дидан намехостанд, аз рӯзи аввали ба сари қудрати сиёсӣ омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даст ба дасиса зада, гуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи роҳбарии давлат ва қудрати сиёсии кишвар баромада наметавонад.

Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзи корӣ на танҳо дар фикри хомӯш намудани оташи ҷанг, ҳифзи тамомияти арзӣ, таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва хунсо намудани гурӯҳҳои силаҳшӯр ва разманда буданд, балки ҳамчун як сиёсатмадори варзида  барои ояндаи дурахшон ва саодатманди миллату кишвар аз самими қалб талош менамуданд.

Пешвои миллат дар чунин марҳилаи тақдирсоз бо аъзои ҳукумат ба Душанбе омаданд. Таҳдиду террор, гаравгонгирӣ, сӯйиқасд ба ҷони ходимони давлатӣ, чеҳраҳои сиёсӣ, илмӣ ва динӣ, ки онҳо омили бақои миллат ва давлат буданд, хотима наёфта буд.

Тарроҳони ҷанги шаҳрвандӣ бо тамоми қувва ва зӯр талош намуданд, ки дар самти идораи низоми давлатдорӣ бар зидди Роҳбари давлат монеаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ эҷод намоянд.

Аммо ҳама талош ва саъю кӯшишҳои онҳо ҷомаи амал напӯшид, зеро душманони миллат натавонистанд дар Тоҷикистон ҷанги қавмӣ ва мазҳабиро роҳандозӣ намоянд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради фитрӣ тавонистанд, ки ҳадафи душманро бишносанд ва монеи идомаи ҷанг дар кишвар бигарданд. Душманшиносӣ ва шикасти барномаву нақшаҳои  тарҳрезишудаи тарроҳони ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон нахустин дастоварди бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои худшиносӣ, худогоҳӣ, эҳёи мероси таърихӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанг силсилаи ҳамоиш ва бузургдошти бузургони миллат, ба монанди Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Носири Хусрави Қубодиёниро дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуданд.

Пешвои миллат шоирон, нависандагон, аҳли зиё ва уламои исломиро ба муқовимат бар зидди ҷанги таҳмилӣ ва ба талош баҳри расидан ба ваҳдати миллӣ даъват намуданд.

Эътироф ва эҳтиром гузоштан ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат, пеш аз ҳама,  садоқат ва эҳтиром доштан ба миллат ва давлатдории миллӣ аст. Ин омили калидӣ ва таҳдобӣ аз муҳимтарин масъалаи ҳувияти давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, фарзанди фарзонаву сарсупурдаи халқ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонанд ба шоистагӣ давлати миллӣ ва ҷомеаи мардумии моро аз хатарҳо нигоҳ доранд ва ба сӯи ояндаи дурахшону саодатманд ҳидоят намоянд.

 

Далер Комилов,

мудири кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ, дотсент,

Раҳматулло Каримов,

сармуҳаррири нашрияи “Сарвар ва миллат” – и Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш