Нашрияи Омӯзгор

Бинои нави таълимӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 81        Шарҳ: 0

 

1-уми июли соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо ҳайати намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бинои навбунёди иловагии мактаби №57 ба номи Моҳирхӯҷа Султонзодаи ноҳияро ифтитоҳ намуд.

Бинои мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Нуршед Машрабов сохта шуда, аз 11 синфхонаи таълимии кушоду барҳаво барои 264 ҷойи нишаст ва дигар утоқҳои методӣ иборат мебошад.

Вазири маориф ва илми кишвар ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, иброз дошт, ки ин амали соҳибкор Н. Машрабов намунаи беҳтарини муҳаббату хизмат ба халқу  Ватан мебошад.

Баъди боздид аз синфхонаҳо бинои мазкур вазири маориф ва илми кишвар бо роҳбарият ва омӯзгорони муассисаи таълимии зикршуда суҳбат намуда, бинои нави таълимиро барояшон муборакбод гуфт. Ҳамзамон, масъалаи саривақт пардохт намудани маош ва рухсатипулии омӯзгоронро ҳам таъкид намуда, иброз дошт, ки дар мувофиқа бо масъулини ноҳия дар наздиктарин фурсат музди меҳнат ва рухсатипулияшон пардохт мегардад.

Дар охир М. Имомзода аз омӯзгорон даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароити мусоид барои тарбияву ба камол расонидани фарзандони бонангу номус ва ватандӯст талоши бештар варзанд. Вазири маориф ва илм гуфт, ки агар дар оянда ҳадди ақал даҳ нафар шогирди ин муассиса ҳамчун соҳибкор Нуршед Машрабов ба камол расанду барои халқи худ хизмат кунанд, кишварамон боз ҳам рушд хоҳад карду ободтар хоҳад шуд.

Бояд қайд кард, ки ин амали ҷавонмардонаи соҳибкор иқдоми нахустин набуда, дар гузашта ҳам мардуми ноҳияи Рӯдакӣ аз самараи корҳои наҷибу хайри ӯ баҳраманд гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми декабри соли 2018 дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ муассисаи таълимии №7 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он ҳам аз тарафи соҳибкор Нуршед Машрабов бо арзиши 26 миллион сомонӣ барои 640 ҷойи нишаст бунёд ёфта буд.

Суннатуллоҳи МИРЗО,

корманди Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш