Нашрияи Омӯзгор

Ифротиёни мардумфиреб

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 78        Шарҳ: 0

 

Рафтору суханронии гурӯҳҳои ҷинояткори созмонҳои экстремистию террористӣ амале марбут ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон набуда, танҳо туҳмату иғвогарист.

Ҳадафи ин гурӯҳҳо мансабталошӣ буда, дар замони муосир низ ғасби ҳокимияти қонунӣ ва ба даст овардани даромади муфт мебошад. Ҷаҳониёнро месазад, ки аз ҳаёти мардуми бошарафи Тоҷикистон омӯзанд, ки дар кишвар аҳли ҷомеа муттаҳид ва сарҷамъ буда, баҳри рушди босубот ва созандагӣ кӯшиш менамоянд. Бадбахтона, (манзур аъзои «Паймони миллӣ» мебошад) чунин ҳисси инсонпарастӣ бегона асту онҳо бо луқмаи хоҷагони хориҷӣ фирефта шуда, хиёнат ба Ватанро пеша кардаанд.

Мардуми боору номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол бо риояи одобу анъанаҳои шарқиёна ва меъёрҳои шариати дини мубини ислом ҳаёти худро ҳамеша дар доираи қоидаҳои давлатҳои дунявӣ ба роҳ мондаанд. Дар байни идеологияҳои гуногуни дар фазои Тоҷикистон баамаломада, бо вуҷуди дорои мафкураҳои созандаю пешбарандаи ҷамъият будан, афкори бунёдгароӣ низ вуҷуд дорад. Онҳо андешаҳои дигаронро на қабул доранду на далелҳои таҷрибавии илмиро эътироф менамоянд. Аз ҳамин қабил фитнаангезон, саркарда ва аъзои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнуи наҳзатӣ мебошад. Ин ташкилоти террористӣ давоми мавҷудияташ бисёр амалҳои нангин ва фоҷиаборро ба сомон расонидааст, ки ба ҳамагон маълум мебошад. Инак, имрӯзҳо саркардаи фирорӣ ва дигар аъзои нокоми ин ташкилоти террористӣ  дар Аврупо паноҳ бурдаанду лоиҳаҳои нави тиҷоратиро баҳри сармояҷамънамоӣ ва таҳқири миллати шарафманди тоҷик пиёда намуда истодаанд.

Дар ҷамъияти мо аксарияти мардуми он аз фарҳангу маърифат ва таърихи гузаштаи миллати худ хабардор ҳастанд, олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни илмӣ назарияи ҷадиди илмию фалсафиро пешниҳод карда истодаанд. Аммо манқуртоне, чун наҳзатиён ва пайравони он фақат каломи «хоҷа» - ро гӯш мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки вожаи «манқурт»-ро нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов дар романи «Рӯзе дарозтар аз қарн» истифода кардааст. Дар эҷодиёти Чингиз Айтматов манқурт касе мебошад, ки хотира ва муқаддасоти таърихӣ, аз ҷумла, падару модар, деҳ, забон, фарҳанг, ватан, миллат ва монанди инҳоро ба хотири арзишҳои бегонаи зиддиинсонӣ мефурӯшад. ҳамаи ин аъмолро метавон дар вуҷуди саркардагони фирорӣ ва дигар аъзои ин ташкилоти террористии наҳзатӣ эҳсос ва дарк намуд. Чуноне ки барои манқурт итоати сухани хоҷааш шарт асту бо забони хоҷааш сухан мегӯяд, саркардаи фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнуи наҳзатӣ низ бо гӯши хоҷааш мешунавад, ба пойи хоҷааш роҳ меравад. Зеро ӯ ва дигар пайравони наҳзатиаш аз худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ бегонаанд ва бегонапарастию афкору ақидаҳои ташкилоту созмонҳои ифротгароро тарғиб мекунанд.

Дигар дар сиришти ин манқуртҳои наҳзатӣ ва хоҷаҳои аҷнабиашон на раҳму шафқат мондаасту на одаму одамгарӣ.

Умед Пудинаев,

ходими калони илмии

АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш