Нашрияи Омӯзгор

Мактабу оила ҳамбастаанд

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 61        Шарҳ: 0

 

Тарбияи кӯдакон ва наврасону ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодкорӣ яке аз вазифаҳои асосии мактаб, ҷомеа ва оила ба шумор меравад. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бори дигар собит намуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илм ва маориф аҳамияти ҳамешагӣ зоҳир менамоянд.

Алоқаи оила ва мактаб ҷудонопазир буда, ин ду ниҳод вазифаи тарбияи шахси ҳамаҷониба ташаккулёфтаро танҳо дар ҳамкорӣ ба иҷро расонида метавонанд. Бояд қайд намуд, ки омӯзгорон дар муносибат бо волидон баъзан бо душвориҳо дучор мешаванд. Ин душвориҳо, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аксаран волидон пайи кору фаъолияти худ машғул шуда, ба донишандӯзии фарзандон аҳамияти кам зоҳир менамоянд, рӯзномаи фарзандро намепурсанд, дарстайёркунии фарзандро назорат намекунанд. Сухани қатъии падар ва ё модар дар тарбияи фарзанд нақши муҳим мебозад. Падару модар  бояд донанд, ки фарзанди онҳо ба кадом равия таваҷҷуҳ дорад ва кадом қобилиятро дорост.

Волидон, пеш аз ҳама, дар хона бояд фарзандонашонро бовар кунонанд, ки онҳо аз уҳдаи иҷрои ин ё он вазифаи хонагӣ мебароянд ва дар айни замон лозим аст, ки ба рафти таҳсили онҳо назорати доимӣ баранд. Агар хонанда фаҳмад, ки дар хона касе ба ӯ диққат намедиҳад, албатта, супоришҳои хонагиро иҷро намекунад, аз ҳамсинфонаш қафо монда, дар мактаб баҳои ғайриқаноатбахш мегирад. Баъзе волидон аз ин ҳолат танҳо дар вақти ҷамъбасти чоряк огоҳ мешаванд. Волидонро лозим аст, ки фарзандонашонро ба омӯхтани илм шавқманд намоянд. Агар фарзанд ҳис кунад, ки волидон аз пешравиҳои ӯ қаноатманданд, вай кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки боз ҳам зиёдтар омӯзад.

Волидон бояд барои худомӯзии фарзанд дар хона китобхонаи хурдакак таъсис диҳанд, онро аз асарҳои бузургони илму адаб пурра гардонанд ва бо истифода аз ин асарҳо фарзандонро дар рӯҳияи ростқавлию инсондӯстӣ, ватанпарварию эҳтиром гузоштан ба калонсолон тарбия кунанд ва дар замири онҳо ахлоқи ҳамидаи инсониро парвариш намоянд.

 

Рустам Зайниддинов,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №76-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш