Нашрияи Омӯзгор

Ниҳолони навбар

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 59        Шарҳ: 0

 

Тарбияи мақсадноки нишонрасу оқилона асоси ташаккули одатҳои ахлоқӣ ба ҳисоб меравад. Тарбияи шоиста нахли одамиятро ба бор меорад, меваҳои гуворои худогоҳӣ, худтарбияткунӣ, худомӯзӣ мебахшад ва дар инсон ҷавҳари масъулиятшиносӣ пайдо менамояд. Барои бо мақсад расидан саъю кӯшиши доимӣ, машқ ва меҳнати мураттаб зарур аст.

Кӯдак ҳар қадар зудтар бо донишандӯзӣ оғоз намояд, ҳамон қадар хубтар аст. Пеш аз ҳама, муҳити зист ба кӯдак барои донишдӯст шудан нақши муҳим мебозад.

Мураббияи коромӯхта, таҷрибадор, ки дунёи кӯдакиро ҳарорат мебахшад, чунон бояд гуфтор, рафтору кирдори нек дошта бошад, ки тифл аз дунёи рангини тифлияш боре ҳам дилсард нашавад. Ин гуна мураббӣ бо кӯдакон самимона гуфтугӯ намуда, ба онҳо сабақҳои ҳархела медиҳад, кӯдаконро рӯҳбаланд мекунад, аз рафтори ноҷо бозмедорад.

Мураббияҳои кӯдакистони №132 бо волидайн кӯшиш менамоянд, ки кори тарбияи оилавиро пурсамар ба роҳ монанд. Онҳо ба падару модарон барои тарбияи дурусти фарзанд тавсияҳо медиҳанд. Тарбияи дурусти кӯдаконро қарзи инсонии худ шуморидан, бузургтарин фазилат аст.

Ҳар мураббӣ ва падару модар бояд дар дили кӯдакон орзуҳои наҷибро парварад. Ба роҳи тарбия беҳтарин хислатҳои хубу рафторҳои наҷибро дар кӯдакон парваридан мумкин аст.

Кори тарбиявӣ камоли хирад ва мулоҳизакориро талаб мекунад. Равнақбахшӣ ба олами маънавии кӯдакон бо суханҳои ҳикматомӯз аз истеъдоду кӯшиши падару модарон ва мураббиён вобаста аст.

Ҳар як фарзанд, дар оила бояд мувофиқи қобилияташ вазифаи муайян, ба мисли рӯбучини хона, шустани дегу табақ, баровардани партов, нигоҳубини хурдтараконро дошта бошад ва вазифаашро мустақилона иҷро намояд. Падару модар рафтори ӯро бояд назорат намоянд ва маслиҳатҳо диҳанд.

Волидон дар ҳамкорӣ бо мураббиҳо бояд дар ниҳоди хурдтаракон нисбат ба касбу ҳунарҳо эҳтиром бипарваранд.

Волидон бояд тарзи ҳаёти солимро хуб донанд ва риоя намоянд. Рушди кӯдакон ба интизому одоби аҳли оила вобастагии қавӣ дорад.

Дар хурдсолӣ аз муҳити носолим дур будани кӯдакон басо муҳим мебошад.

Кӯдак ниҳоли кӯчакеро мемонад, ки вайро ҳар қадар нигоҳубини дуруст намоем, ҳамон қадар хуб ба воя мерасад.

 

Дилафрӯз ЭЛНАЗАРОВА,

мураббии кӯдакистони №132, шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш