Нашрияи Омӯзгор

Вилояти Хатлон: вусъати сохтмони мактабҳо

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 47        Шарҳ: 0

 

 Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, сохтмону азнавсозӣ ва таъмиру тармими таълимгоҳу кӯдакистонҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои муайян ба сомон расонида шудааст.

 Аз ҷумла, бунёду навсозии беш аз 7500 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар 3901 иншоот корҳои сохтмонию азнавсозӣ анҷом ёфтааст, ки аз ин шумора 603 иншоот ба соҳаи маориф тааллуқ дорад. Танҳо дар соли 2017 дар шаҳри Кӯлоб барои 3 ҳазор хонанда муассисаҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар солҳои 2018-2020 тибқи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар назди муассисаҳои таълимии №№ 17, 21, 36 ва 39, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, сохтмони 16 синфхонаи иловагӣ бо тариқи ҳашар ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонида шуд. Соли равон дар назди мактаби  №2 бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд. Солҳои охир, аз тарафи хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша барои рушди муассисаҳои таълимӣ, таъмиру азнавсозӣ, харидорӣ намудани воситаҳои аёнӣ ва техникии таълим, мизу курсӣ, ҷиҳозонидани кабинету толорҳои варзишӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Айни ҳол, дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 480 нафар хонанда дар деҳаи Офтоблиқо, барои 320 нафар хонанда дар деҳаи Сангпар ва сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар маҳаллаҳои 20-ум ва Абдушукурова бо маром идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохтмони 9 бинои нави муассисаи таълимиро дар ҷамоатҳои деҳоти Даҳана, Зиракӣ, Кӯлоб ва Зарбдор таҳрезӣ намудааст, ки корҳои ташкилию омодагӣ дар ин иншоот оғоз гардидааст. Бояд қайд намуд, ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмони зиёда аз 9 муассисаи таълимии типи нав, таъмир ва азнавсозии 10 муассисаи таълимӣ, сохтмони 55 синфхонаи иловагӣ ва 2 боғчаи кӯдакона барои 200 нафар кӯдак ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Ш. Шоҳин 188 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, 46 иншоот бунёд гардидааст. Корҳои ободонию бунёдкорӣ дар муассисаҳои таълимии №№ 8, 10, 11 ва 28 бо маром идома дорад. Дар назди муассисаи таълимии №11 сохтмони бинои дуошёнаи таълимӣ барои 180 ҷойи нишаст аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон бо маблағгузории давлати Олмон оғоз ёфт.

Дар ноҳияи Балҷувон раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, аз ҷумла, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№9 ва 20, бинои нави муассисаи таълимии №35 сохтмони хобгоҳ барои 450 нафар дар маркази ноҳия идома дорад. Дар ноҳияи Фархор айни ҳол аз 66 муассисаи таълимии ноҳия 17 адад дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 25 адад муассисаи таълимӣ ба азнавсозӣ ва синфхонаҳои иловагӣ эҳтиёҷ дорад. Дар назди гимназияи давлатии №1 ва 11 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№5, 20, 38 ва 52 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст. Сохтмони бинои муассисаҳои таълимии № 2, 4 ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№ 12, 36 ва 47 идома дорад.

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёду таъмири 196 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 90 адад иншооти тайиноташон гуногун сохта ба истифода дода шуданд.

Дар ноҳияи Восеъ бошад, танҳо дар соли таҳсили 2019-2020 2 муассисаи таълимӣ, 50 синфхонаи иловагӣ, 2 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 130 нафар кӯдак бунёд ёфтааст. Ҳамчунин, аз тарафи соҳибкорону шахсони саховатманд ба муассисаҳои таълимии ноҳия 3800 адад мизу курсӣ, 81 адад тахтаи синфӣ, 153 адад тиреза, 134 адад мизу курсӣ 58 компютер бо мизу курсии компютерӣ ва дигар воситаҳои аёнии техникӣ харидорӣ ва тақдим гардидааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш