Нашрияи Омӯзгор

Стипендияи раиси шаҳр тақдим гардид

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 69        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Бӯстон маросими супоридани стипендияи раиси шаҳр баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия, ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, директори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ва сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд. Раъно Ҳошимзода зикр дошт, ки дар шаҳри Бӯстон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибмаърифату болаёқат иқдомҳои наҷиб роҳандозӣ гардида, пайваста ташаббусҳои неку созанда пуштибонӣ меёбад. Аз ҷумла, соли равон шумораи гирандагони стипендияи раиси шаҳр аз 22 ба 30 нафар расида, андозаи маблағи он аз 19 ҳазору 80 сомонӣ ба 27 ҳазор сомонӣ баробар шуд.

Ба 30 нафар ҷавони фаъоли шаҳр, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, хонандагони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ва муассисаҳои таълимӣ стипендия (ба ҳар кадоме ба андозаи 900 сомонӣ) ва шаҳодатнома тақдим карда шуд.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш