Нашрияи Омӯзгор

Дастури муфид

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 47        Шарҳ: 0

 

Барои такмили сифати саводи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии муосир, нашри дастурҳои илмию методӣ ва таълимӣ басо зарур аст.

Омӯзиши забони русӣ  дар муассисаҳои томактабӣ  яке  аз рукнҳои асосии ташаккули шахсият дар замони кӯдакию наврасӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, забони русӣ  танҳо фанни таълимӣ набуда, воситаи муҳими таълим  низ мебошад.

Дотсентони кафедраи методикаи таълими ДДЗТ ба номи С. Улуғзода С.Саидов  ва  Ш. Котибова  ҳангоми  тартиб додани дастури «Читаем дошкольникам» бо дарназардошти хусусиятҳои психологии кӯдакон ва талаботи барномаҳои  таълим  таҳия намудаанд.

 Дастури мазкур маводи мухталифи таълим барои истифодаи масъалаҳои омӯзиши забони русиро дар бар гирифтааст.

Мақсади асосии он  такмили маҳорати касбии омӯзгорони забони русӣ дар муассисаҳои томактабӣ тавассути шиносоӣ бо дастовардҳои нави адибон, олимону мутахассисони соҳа мебошад.

 Китоби «Читаем дошкольникам» масъалаҳои  муайян намудани мушкилоти омӯзиши забони русӣ, омӯзонидани тарзи дурусти талаффузи калимаҳо бо забони  русӣ, инкишофи нақли гуфторӣ, талаботи  стандарти  таҳсилот оид ба масъалаҳои  омӯзиши  забони русӣ, мушкилиҳои забонӣ ва роҳҳои  ислоҳи он, мусоидат дар ташаккули малакаҳои  забони таълим дар зинаи аввали таҳсилотро дақиқ баррасӣ менамояд.

 

К. ГАДОЕВ,

омӯзгори Донишкадаи

давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш