Нашрияи Омӯзгор

Каломи содаву дилкаш

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 54        Шарҳ: 0

 

Луқмаи нони ҳалолам,

Чашмаи оби зулолам,

Бешикасту безаволам,

Тоҷикистон!

Ин мисраъҳо, ки ба қалами Раҷаб Саидӣ тааллуқ доранд, меҳру муҳаббат ва самимияту ихлоси ин эҷодкори сермаҳсулро нисбат ба Тоҷикистони азиз дар бар гирифтаанд. Мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ дар меҳвари эҷодиёти Р.Саидӣ қарор дошта, аксари шеърҳои шоир чун маромномаи эҷодии ӯ хидмат кардаанд. Аз ҷумла, дар шеърҳои «Ватан», «Модари ҷонам тӯӣ», «Тоҷикистон - зеби дунё», «Тоҷикистон», «Душанбе», «Шаҳри сулҳ», «Шукрона» ва монанди инҳо, шоир андешаву эҳсосоти меҳанпарварии худро бо сабку шеваи хоса, лаҳну гуфтори  содаву фаҳмо баён намудааст. Дар шеъри «Тоҷикистон - зеби дунё»   шукӯҳу бузургии кишварро ба таври зайл ифода кардааст:

Тоҷикистон, эй ҷаҳонам,

Умри фардоям, тавонам.

Тоҷикистон ҳастии ман,

Сарбаландиву нишонам.

Дар китоби нави ашъори шоир «Гулхани меҳр» ки нисбатан мукаммал мебошад, бобҳои «Дилрезаҳо», «Дубайтиҳо», «Эй модари ҷон», «Баъд аз сари ту», «Эй чархи фалак», «Гулхани меҳр», «Дар сӯгвории азизон», «Аз дафтари ҳаҷв» мавҷуд мебошад. Ашъори Раҷаб Саидӣ, ҳамчунин, фарогири мавзӯъҳое, аз қабили ситоиши модар, зебоиҳои табиати кишвар, ёдбуди инсонҳои нексиришту фозил ва амсоли ин мебошад. Дар ҳолномаи шоир, аз ҷумла, зикр шудааст: «…Раҷаб Саидӣ ҳамчун омӯзгор, дар мактабҳои гуногун кор кардааст. Муаллифи беш аз 15 китоб мебошад. Китоби «Гулхани меҳр» шеърҳои дар солҳои гуногун эҷодкардаашро дар бар мегирад».

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш