Нашрияи Омӯзгор

Мактабшиноси варзида буд

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш  ҳамкори гиромии мо Муллонаврӯз Хокироев бо ҳаёт падруд  гуфт. Солҳои охир ӯро фишори хун азият медод, аммо ҳамеша дар кор буду дар ҳалқаи ҳамкорон. Чун  мактабшиноси асил корро хуб медонист ва ҳамеша дастоварде дошт. Ӯро дар ҷумҳурӣ омӯзгорон хуб мешинохтанд, аз маслиҳату тавсияҳояш    баҳравар мешуданд.

Муллонаврӯз соли 1983 (пас аз хатми  факултаи  забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Б. Ғафуров)  корро    дар  мактаби № 8-и ноҳияи  Ҷайҳун шурӯъ намуд.  Солҳои 1987-1998 фаъолияти  меҳнатиашро ҳамчун сармутахассис ва мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ идома бахшид.  Дар ҳашт соле, ки М. Хокироев дар   вазифаи  мудири кабинети методӣ заҳмат кашид, кори кабинетҳои методии муассисаҳои таълимии ноҳия хеле пешрав гардиданд.

Дониши баланди касбӣ ва кордонии М. Хокироев дар вазифаи мутахассиси пешбар ва сармутахассиси  раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  солҳои 2006-2014 ҷилои тоза ёфт. Ӯ бо таҷрибае, ки дошт, дар таҳия ва нашри як қатор  дастурҳои таълимӣ-методӣ, адабиёти   илмӣ-таълимӣ  ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва   ҳуқуқӣ  ҳисса гузошт.

М. Хокироев соли    2014  ба тариқи гузариш корро дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ҳамчун сармутахассиси шуъбаи  томактабӣ  ва умумӣ  идома бахшид.Солҳои  2015 - 2017 вазифаи мушовири директори  Маркази мазкурро ба уҳда дошт. Аз соли 2017 то вопасин рӯзҳои умр дар вазифаи мудири шуъбаи томактабӣ ва умумии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ фаъолияти  шоиста дошт. 

Дар бойгонии маҷаллаи «Масъалаҳои методикаи таълим» расми Муллонаврӯз Хокироевро ҳангоми баромадаш дар семинари  ҷумҳуриявии   соли 2016, ки бо иштироки мудирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф ва навоҳии кишвар дар шаҳри Хуҷанд  доир шуда буд, пайдо кардем. Дар хотири ҳамкорон ва ширкаткунандагони семинар боқист, ки М. Хокироев дар ҷамъбасти семинар аз бурду бохти   кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ муфассал ва хеле муассир ҳарф зада,    барои   рушди фаъолияти   кабинетҳои методӣ баргузор намудани  чунин  семинарҳоро муфид  арзёбӣ  намуда  буд…

Хотираи неки ин марди шариф дар қалби ҳамкорону дӯстонаш  боқист.

Марги соҳибдил  ҷаҳонеро далели

кулфат  аст,

Шамъ чун  хомӯш  гардад, доғи маҳфил

мешавад.

Бой Нодиров,

корманди МҶТМ,

 Бурҳон  Салмон,

муҳаррири маҷаллаи «Масъалаҳои методикаи таълим»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш