Нашрияи Омӯзгор

Танҳо дар як сатр

Сана: 2020-07-02        Дида шуд: 62        Шарҳ: 0

 

Дар табиат 400 навъи растанӣ ва 600 навъи ҷонварон хосияти «обуҳавосанҷӣ»  доранд.

***

Агар тамоми намаки оби уқёнусҳои ҷаҳон такшон карда шаванд, қабати намаки такшоншуда ба 57 метр мерасад.

***

Фароштурук метавонад бо суръати 40 метр дар як сония парвоз кунад, ки ин дар як соат 144 километрро ташкил медиҳад.

***

Нахустин соати пружиниро устои соатсози женевагӣ Филӣ ихтироъ кардааст.

***

Ҳисоб карда шудааст, ки дар қаъри уқёнуси Ором қариб 1 миллиону 500 ҳазор тонна кандании фоиданок мавҷуд аст.

***

Китоби «Шоҳнома», ки дар осорхонаи ба номи Фирдавсии деҳаи Божи Эрон мавҷуд аст, 75 килограмм вазн дорад.

***

Дар қисми шимолу ғарбии Венесуэла кӯпруке сохта шудааст, ки дарозиаш 9 километр мебошад.

***

Нахустин соати электрикиро соли 1839 Стенхэли амрикоӣ ихтироъ намудааст.

                                               *****

Тӯфони уқёнус санги 100  - тоннагиро бардошта метавонад.

***

Одам ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 2,5 литр ва барои шикасти ташнагӣ 1,2 литр об истеъмол мекунад.

***

Сокини Англия Томас Видрер шахси бинидарозтарини дунёст, ки дарозии бинии ӯ 19 сантиметр аст.

***

Истиқоматкунандаи давлати Зеландияи Нав И. Скотт соли 1978 сабзиеро парвариш  кард, ки 6,7 то 7 килограмм вазн дошт.

Таҳияи Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш